Додситонии вилояти Хатлон давоми соли 2023 барои роҳ додан ба қонуншиканӣ зимни пешбурди таҳқиқу тафтиши парвандаҳо 200 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятро муҷозоти интизомӣ кардааст.
Дар ин бора Аваз Назарзода, додситони навтаъини вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
“Зимни санҷишҳои прокурорӣ 353 ҳолатҳои аз қайд пинҳон кардани ҷиноят ошкор карда шуд. Баъди тафтиши ҷиноятҳои пинҳонкардашуда 140 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид”, - гуфт Аваз Назарзода.
Аммо ӯ аз ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ном набурд ва ҳам шарҳ надод, ки кадом навъи ҷиноятҳо пинҳон карда шудаанд.
Дар умум, ба қавли Аваз Назарзода, соли 2023 дар вилояти Хатлон 5 ҳазору 903 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022 443 ҷиноят ё 7 дарсад камтар аст.
Бояд гуфт, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар, ки 19-уми январи соли 2023 баргузор шуд, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.
“Сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарони мақомот аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар ҷаласаи Шурои амният мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифтанд”, - гуфта мешуд дар хабари хадамоти матбуоти президент.
Дар пайи ин чандин роҳбари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон иваз шуданд. Аз ҷумла, сардорони раёсати ВКД, раёсати КДАМ, додситонии вилоят, раёсати Агентии зиддифасод аз вазифаҳои худ маҳрум шуда, ба ҷойи онҳо нафарони нав таъин гардиданд.
В Узбекистане певцов планируют обязать указывать степень использования фонограммы на концертах
Глава Хатлона поручил организовать кружки по шахматам во всех школах области
Президенту Южной Кореи предъявили официальное обвинение в мятеже
Новая кандидатура на пост председателя Высшего экономического суда Таджикистана. Кто она?
Трамп предложил переселить население Газы в арабские страны
Узбекистан ратифицировал Договор о союзнических отношениях с Таджикистаном
Александр Лукашенко лидирует на выборах президента Беларуси
Жителя Твери признали виновным в фиктивной регистрации фигурантов дела о «Крокусе»
Таджикский боец Сарвар Хамидов перебрался в промоушен PFL
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 января 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста