Дар ноҳияи Темурмалик сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссарияти ҳарбӣ бо гумони гирифтани пора боздошт шудааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Асомуддинов А.З. аз 27-уми сентябри соли 2021 то инҷониб дар вазифаи сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Темурмалик кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш ба содир кардани ҷинояти қасдона даст задааст.

“Миёнаи моҳи августи соли 2023 дар ноҳияи Темурмалик Асомуддинов А.З. бо сокини ин ноҳия Н.Ҷ.А. вохӯрда, огоҳ гардид, ки писари охирон Н.Ф.Ҷ. нияти гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ (хизмати алтернативӣ)-ро дорад”, - омадааст дар хабари агентӣ.

Манбаъ менависад, “Асомуддинов ҳолати мазкурро барои гирифтани маблағҳои пулӣ мусоид ҳисобида, бо сӯиистеъмоли мақоми хизматӣ барои дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ гузаштани хизмати ҳарбӣ аз ҷониби Н.Ф.Ҷ., аз падари охирон Н.Ҷ.А. маблағи 12 000 сомонӣ талаб намуда, моҳи августи соли 2023 дар ду ҳолат аз Н.Ҷ.А. маблағи зикршударо гирифтааст”.

Сухан дар бораи рӯйхати даъватшавандаҳое меравад, ки тибқи қонуни нави уҳдадориҳои ҳарбӣ метавонанд, ки бо пардохти маблағ дар як моҳ хидмати ҳарбӣ анҷом диҳанд.

Мувофиқи тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” аз соли 2021, шахсони синни даъват метавонанд ду соли маъмулӣ дар артиш хидмат накарда, ба ивази ин дар ҳайати захираи даъвати сафарбаркунӣ хидмати ҳарбиро адо кунанд.

Даъватшаванда бо пардохти маблағи зикршуда тамрину омӯзиши якмоҳаи ҳарбиро гузашта, баъдан аз уҳдадории ҳатмии ҳарбӣ озод карда мешавад.

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми сентябри соли 2023 арзиши хидмати ҳарбии пулакӣ дар Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шуд. Маблағи мазкур бо назардошти нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки 72 сомонӣ муқаррар гардидааст, 54 ҳазор сомонӣ мебошад.

Ҳоло нисбати Асомуддинов А.З. бо моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шудааст.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ “сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад” аст.

Дар асоси ин моддаи гумонбаршаванда ба андозаи аз 250 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва ё то 5 сол зиндонӣ мешавад. Арзиши 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ аст.

Назари худи боздоштшуда ё вакили дифои ӯ маълум нест.

Бояд гуфт, ки ин нахустин ҳолати боздошти корманди Коммиссариати ҳарбӣ дар соли равон нест ва чанд моҳи пеш ҳам дар шаҳри Ҳисор як масъулро бо ин иттиҳом боздошт карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.