Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Рустам Шарофиддинови 33-сола, Фарҳод Мамараимови 32-сола ва Амина Акобироваи 23-сола, сокинони пойтахтро боздошт карда, аз онҳо чун узви гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ ном будааст, ки бо расонидани хабарҳои бардурӯғ ва фиребгариву қаллобӣ аз сокинон 62 ҳазор доллар гирифтаанд.

Манбаъ зикр кардааст, ки ин гурӯҳ рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, ба онҳо дар бораи ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд. Ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо гӯё барои табобати фарзандонашон мабағҳои калони пулӣ талаб кардаанд.

Таъкид мегардад, ки боздоштшудагон маблағи аз шаҳрвандони Тоҷикистон бадастовардаашонро тавассути ҳамёнҳои электронӣ ба хориҷа интиқол додаанд.

Ҳоло маълум нест, ки боздоштшудагон рақамҳои телефони сокинонро чӣ гуна дастрас кардаанд ва ҳамакнун, нисбати онҳо мушаххасан бо кадом банди Кодекси ҷиноятӣ иттиҳом эълон шудааст.

Ҳамчунин, назари худи боздоштшудагон ва ё пайвандону вакилони дифоашон низ маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир фиребгариву қаллобӣ тавасути телефон дар Душанбе бештар шудааст, ки дар он ҳамлагарон бо истифода аз фанновариҳои зеҳни сунъӣ ба садои хешовандони наздики қурбониён тақлид мекунанд ва аз онҳо маблағи калонро ба даст меоранд. Дар ин бора  сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд ва мардумро огоҳ месозанд. Роҳҳои  муҳофизат аз қалобони интернетӣ ва нақли шахсони фиребхӯрдаро  дар маводи зерин мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.