Дар Тоҷикистон барои соҳирӣ, ҷодугарӣ ва фолбинӣ ҷазо сахттар шуд. Ҳамакнун, барои ин кирдор то 144 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то 2 соли зиндон пешбинӣ гардид. Дар ин робита ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид шуд.
Мувофиқи моддаи 240 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятӣ такроран машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ акнун ҷиноят ҳисобида мешавад.
“Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо дода мешавад”, - омадааст дар тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ.
Бар асоси нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024 (1 нишондиҳанба ба 72 сомонӣ баробар аст) акнун соҳирону ҷодугарон барои такрори ин амал, аз 108 ҳазор то 144 ҳазор сомонӣ ҷарима карда мешаванд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми июн ба Қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ” имзо гузошт ва он рӯзи 22-юми июн дар нашрияи расмии кишвар - “Ҷумҳурият” ба нашр расида, ҳукми иҷро пайдо кард.
Қаблан барои машғул шудан ба ҷодугариву фолбинӣ танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ гардида буд ва аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2 ҳазору 880 то 3 ҳазору 600 сомонӣ) ҷарима таъйин мегардид.
Ин аввалин чора дар мубориза бо ҷодугарон ва фолбинҳо нест. Моҳи апрели соли равон Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунанд ва онҳоеро, ки бо мардумфиребӣ зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнатии маҷбурӣ таҳдид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир амалиёти боздошти соҳирону ҷодугарону фолбинон дар Тоҷикистон зиёд шудааст. То кунун қариб 70 нафар ҷодугарону фолбинон фақат дар вилояти Хатлон боздошт шудаанд.
Как поехать учиться в другую страну в 2025 году: возможности и стипендии для граждан Таджикистана
В Таджикистане завершились съёмки фильма «Тропа гнева». Когда его покажут?
Skype всё? В мессенджере заметили сообщение о скором его закрытии
В Совете по правам человека ООН обвинили талибов в преступлениях против человечности
Под лавиной на трассе Душанбе – Чанак погиб водитель
Несколько СМИ, включая информагентство «Азия-Плюс», лишили права освещать парламентские выборы
Ушел из жизни таджикский филолог-востоковед Азим Байзоев
Мифы о старых автомобилях: стоит ли покупать авто старше 10 лет?
От Москвы до Вашингтона: где и как граждане Таджикистана могут проголосовать на выборах в парламент?
В России задумали разрешить мигрантам работать по одному патенту в столице и смежном регионе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста