Вазири корҳои дохилии Русия Александр Колоколтсев изҳор дошт, ки дар соли 2024 "ба коҳиши шумори ҷиноятҳо аз ҷониби хориҷиён муваффақ шудем". Ин гуфтаҳо бо маълумоте, ки ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин овард, мухолифат доранд.
"Дар натиҷаи корҳои мукаммали пешгирикунанда мо тавонистем тамоили коҳиши шумораи ҷиноятҳоро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ тақвият диҳем, дар ҳоле ки шумораи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар соли ҷорӣ тақрибан 8%, аниқтараш 7,6% кам шуд. Ҳиссаи онҳо дар маҷмӯи умумии ҷиноятҳое, ки аз ҷониби хориҷиён содир шудааст, низ кам гардид", - гуфт Колоколтсев дар ҷаласаи комиссияи ҳукуматӣ оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо.
Дар ин бора вазири корҳои дохилии Русия ҳанӯз рӯзи душанбе изҳори назар карда буд, аммо он қариб ки нодида гирифта шуд.
Колоколтсев зикр кард, ки шумораи ҷиноятҳои ошкоршудаи марбут ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ зиёда аз ду баробар афзудааст. Ҳамзамон шумораи шаҳрвандони хориҷии ғайриқонунӣ ҳузурдошта аз чор як ҳисса зиёд шудааст.
Вазири корҳои дохилӣ инчунин таъкид кард, ки "ҳатто кирдорҳои ғайриқонунии алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ вокуниши васеи ҷамъиятиро ба вуҷуд оварда, сатҳи шиддати муносибатҳо байни миллатҳоро тақвият медиҳанд".
Дар хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ зикр кардаанд, ки ба ҳукумати Русия лоиҳаи қонуни маҷмӯавӣ фиристода шудааст, ки самаранокии назорат аз болои вуруд ва будубоши муҳоҷирон дар кишварро беҳтар мекунад. Дар Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун дар бораи муқовимат ба равандҳои муҳоҷирати пинҳонӣ баррасӣ мешавад.
Колоколтсев зидди Бастрикин?
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ногаҳон сиёсати муҳоҷирати кишварро шадидан танқид кард. Зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург ӯ аз чунин вазъи буҳронӣ изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ аз мақомоти кишвар даъват кард, ки ба мушкилот расидагӣ кунанд, аммо дар ҷомеа суханронии ӯ бештар бо талабаш ба Думаи давлатӣ барои қабули қарорҳои нав дар хотир монд, ки воқеияти имрӯзаро дар назар доранд.
Ба иттилои раиси Кумита, дар соли 2023 шумораи умумии ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда 3% коҳиш ёфта, аммо шумораи ҷиноятҳои махсусан вазнин 32% зиёд шудааст.
Бастрикин инчунин дар бораи 147% зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти ифротгароӣ (экстремистӣ) хабар дод. Шумораи ҷиноятҳо алайҳи дахлнопазирӣ ва озодии ҷинсӣ низ босуръат меафзояд.
Ӯ таъкид дошт, ки нисбат ба муҳоҷирони ҳузурашон қонунӣ, муҳоҷирони ғайриқонунӣ бештар ҷиноят содир мекунанд. Ӯ инчунин зикр кард, ки зимни ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани иштирокчиёни парвандаҳои ҷиноӣ оид ба ҷиноятҳои муҳоҷират дигар мақомот ва идораҳо монеа эҷод мекунанд.
«Дар мавриди ҷиноятҳои муҳоҷирон парванда оғоз мекунем, аммо додситонӣ бо истифода аз ҳуқуқи худ, қарорро бекор мекунад. Онҳо бекор мекунанд ва ман фармон медиҳам, ки дубора оғоз кунанд. Баъзан се-чор маротиба лозим меояд», - шикоят кардааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ҷараёни вуруди муҳоҷирон зиёд мешавад: танҳо ба минтақаи пойтахт дар чор моҳи аввали сол зиёда аз 2 млн ва боз ба Санкт-Петербург - 860 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ омадаанд. Мувофиқи маълумоти гуногун, дар кишвар ҳамагӣ 14,5-16,5 млн нафар муҳоҷирон ҳузур доранд.
Қобили зикр аст, ки Колоколтсев маълумотро барои соли 2024 оварда, дар ҳамин ҳол, Бастрикин аз маълумотҳои пурраи давоми соли 2023 истифода кардааст. Шояд пешбинӣ кардан мумкин аст, ки роҳбарони ниҳодҳо ба якдигар мухолифат намекунанд, аммо вазир ба аслияти маълумоти худ таъкид кард ва тамоюли коҳиши ҷинояткориро таъкид дошт.
«Ман рақамҳои омори давлатиро меорам, на ягон рақамҳои таҳрифшударо, ки баъзан дар мо рух медиҳанд, ин рақамҳои расмии омори давлатӣ ҳастанд», - таъкид кардааст Колоколтсев.
Маънои асосии суханронии Бастрыкин дар он ифода меёфт, ки ҷараёни муҳоҷират ба Русия бояд фавран маҳдуд карда шавад.
Суханронии Бастрикин дар форум ба якчанд вокунишҳои ошкор дар роҳбарият (элита)-и ҳокимият боис гардид.
Аввалан, раиси Кумитаи тафтишотӣ Думаи давлатиро “аблаҳи давлатӣ” (госдура) номид. Раиси палатаи поёнӣ Вячеслав Володин изҳор намуд, ки Бастрикин «миллатро таҳқир кард».
Сониян, Бастрикин гуфт, ки дар ҳодисаҳои амали террористӣ дар Доғистон ва гаравгонгирӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Ростови лаби Дон дар моҳи июн «исломгароён ва террористон» даст доранд. Инро раиси Чеченистон Рамзан Қодиров ошкоро маҳкум карда, ӯро раиси Доғистон Сергей Меликов дастгирӣ намуд.
Ихтилофҳо бо сабаби методикаи гуногуни ҳисобу китоб?
Ҷолиб аст, ки чунин вазъият аллакай ба миён омада буд. Моҳи март байни ВКД ва Прокуратураи генералӣ ихтилоф рӯйи кор омад. Аз ҷумла, прокурори генералӣ Игор Краснов изҳор дошт, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва меҳнатӣ 75% зиёдтар ҷиноят содир кардаанд.
«Шумораи умумии ҷиноятҳое, ки онҳо содир мекунанд, аз чор се ҳисса зиёд шудааст, аз 12 435 то 21 894», - хабар дод прокурори генералӣ дар ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия) бо иштироки Владимир Путин.
Ҳамзамон ВКД дар бораи коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон гузориш дод. Аз ҷумла, сардори раёсати ВКД-и пойтахт Олег Баранов изҳор дошт, ки дар соли 2023 шумораи чунин ҷиноятҳо дар пойтахт 5,1% коҳиш ёфтааст.
«Ман намефаҳмам, ки чаро дар бораи дар шаҳри Маскав зиёд шудани шумораи ҷиноятҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ пайваста сухан меравад», - гуфт ӯ.
Роҳбари Маркази таҳқиқоти таҳлилӣ ва амалӣ оид ба равандҳои муҳоҷират Вячеслав Поставнин дар сӯҳбат бо «Новые известия» зикр кардааст, ки маълумоти ниҳодҳо метавонанд дуруст бошанд ва сабаби ихтилофҳои ҷиддӣ дар рақамҳо метавонад ба методикаи гуногуни ҳисобу китоб вобаста бошад.