Дар натиҷаи задухӯрд миёни ду гурӯҳи наврасон, ки рӯзи 5-уми август дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе рух дод, аз зарби корд як ноболиғ кушта шуда, ду нафари дигар дар "Беморхонаи Ёрии таъҷилӣ"-и пойтахт бистарӣ шуданд.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода, менависад, ки дар робита ба ин ҳодиса 6 нафар ҳамчун гумонбар дастгир шудаанд.
“Зимни муноқиша, дастгиршуда Туйчиев Сиёвуш сокини 21-солаи шаҳри Душанбе бо истифода аз корди хурди кисагӣ (финка) ба се ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ мерасонад. Мутаассифона Нуруллоев Н.М. яке аз ноболиғони ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат мерасад”, - гуфта мешавад дар хабар.
Тибқи иттилоъи манбаъ, нисбати гумонбаршавандаҳо бо моддаҳои 110 ва 237 кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шудааст. Моддаи якуми ин кодекс аз 5 то 8 соли зиндон ва бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 60 то 120 соат ё бо ҷарима ба андозаи аз 7 ҳазору 200 то 14 ҳазору 400 сомонӣ ҷазо пешбинӣ кардааст.
Бояд гуфт, ки кордзан дар байни наврасон дар кишвар як амали нигаронкунанда аст. Танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари занозанӣ бо силоҳи теғдор се ноболиғ кушта шудаанд.
Пулиси Душанбе барои ошкор ва мусодираи силоҳи сард аз миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонону нафрасон сар аз соли 2019 мунтазам амалиёти “Корд” мегузаронад.
Танҳо дар як моҳи охир дар доираи амалиёти “Корд” дар шаҳри Душанбе 21 нафар тоҷирони силоҳи сард боздошт шуда, дар ҷараёни ин амалиёт 20 ҳазор адад силоҳи сард мусодира шудааст.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи банди 3 моддаи 492 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон гирифта гаштани силоҳи газӣ, ханҷар, корди дудама ё дигар силоҳи сард манъ буда, дар сурати риоя накардани ин банди қонун ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда (1 нишондиҳанда 72 сомонӣ) ҷарима таъйин карда мешавад.
Агар чунин кирдор дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такрор шавад, шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Семь вместо 108. Сможет ли Россия заменить Boeing и Airbus самолетами собственного производства?
Таджикистан и ЕБРР подписали соглашение о создании системы управления дорожными активами
Мигрантам на Сахалине запретили работать в 24 сферах
Садыр Жапаров: Спорные участки границы с Таджикистаном разделены "50 на 50"
КЧС Таджикистана предупреждает о снегопаде
Всемирная продовольственная программа ООН в Таджикистане приглашает на онлайн-аукцион
Избивал до полусмерти, насиловал при детях, домогался 6-летней дочери
Журнал Time назвал Дональда Трампа человеком года
«Экзотические» марки автомобилей: какие они и почему о них почти никто не знает?
В Казахстане засекретят сведения о жизни Назарбаева
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста