Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе имрӯз аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки омӯзгори худро латукӯб кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷавон Назаров Беҳзод ном дошта, донишҷӯи Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон мебошад.
"Номбурда санаи 19 сентябри соли ҷорӣ, дар дохили синфи донишгоҳи мазкур, омӯзгори фанни "Этика ва эстетика" Султонов Тоҳирро дашном дода, латукӯб кардааст", - навиштааст РВКД дар шаҳри Душанбе.
Пулис шарҳи бештар надодааст, танҳо гуфта мешавад, ки номбурдаро барои содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир кардааст ва тафтишоти пешакӣ давом дорад.
Назари худи дастгир шуда ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки дар оғози соли таҳсили имсол раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф ва донишҷӯён ба ҳукумат дастур дода буд, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро омода карда, ба парлумон пешниҳод кунад.
Раисҷумҳур аз мушкилоти сершумори соҳаи маориф изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки ба шарофати меҳнати садоқатмандонаи омӯзгорон наслҳое ба воя мерасанд, ки барои беҳбудии давлат ва беҳтар шудани сифати зиндагии мардум саҳм мегузоранд.
“Эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст”, - таъкид карда буд Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки омӯзгоронро бояд дастгирӣ намуда, мавқеъ ва нуфузи онҳоро дар ҷомеа афзоиш дод.
В Таджикистане сняли документальный фильм «Рождение инноваций»
ОАО «Коммерцбанк Таджикистана» выпустил первые карты VISA Platinum и VISA Gold
Долг ТАЛКО вырос почти на 220 миллионов сомони
Ирина Винер ушла с поста главного тренера сборной РФ по художественной гимнастике
Парламент Армении одобрил начало процесса вступления в ЕС
«Азия-Плюс» начала применять технологии ИИ при создании медиаконтента
Размер утилизационного сбора может быть пересмотрен – Таможенная служба Таджикистана
Как таджикская легенда развивает футбольный клуб из Пенджикента
Таджикистан в товарообороте с Россией почти полностью перешел на рубль
Без наблюдателей и прозрачности? Как пройдут выборы в Таджикистане без ОБСЕ?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста