Думаи давлатии Русия 1 октябр ба баррасии панҷ ташаббуси қонунгузорӣ оғоз мекунад, ки ба сангинтар намудани сиёсати муҳоҷират равона шудаанд. Дар ин бора раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин дар шабакаи Телеграми худ хабар додааст.
Қонунгузорон аз ҷумла чунин тадбирҳо пешниҳод кардаанд:
1. Содир шудани ҷиноят аз ҷониби муҳоҷире, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор дорад, ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷазо эътироф карда шавад.
2. Ба ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил кардани ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ва таъин кардани ҷазо барои ин амал дар шакли маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 сол; ҷарима ба маблағи аз 3 млн то 5 млн рубл.
3. Муқаррар намудани чораҳои ҷавобгарии зиёд барои сохтакорӣ, тайёр кардан ё гардиши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, инчунин барои ҷиноятҳои марбут ба бақайдгирии қалбакӣ ва ба қайд гузоштани шаҳрвандони хориҷӣ. Барои ин ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 6 сол пешбинӣ мешавад; барои шахсони ҳуқуқӣ – ҷарима аз 5 млн то 10 млн рубл бо мусодираи амвол (барои такроран содир кардан – аз 10 млн то 60 млн рубл бо мусодира).
4. Ҷорӣ намудани қатъи ғайридодгоҳии дастрасӣ ба манбаъҳои (сомонаҳои) интернетӣ, ки дар онҳо оид ба хизматрасониҳои ғайриқонунӣ барои муҳоҷирон ва истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои гирифтани мақоми муҳоҷират пешниҳодҳо ҷой дода шудаанд.
5. Манъи иштирок намудани ташкилотҳои миёнарав дар қабули имтиҳонҳо аз муҳоҷирон.
Тавре ки Володин бо истинод ба маълумоти ВКД Русия таъкид кардааст, танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ 4573 далели сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ошкор шудааст.
«Ҳамаи ташаббусҳои дар боло зикршуда бояд ҷиҳати ба тартиб овардани сиёсати муҳоҷират мусоидат кунанд», — гуфтааст ӯ.
Қобили зикр аст, ки пас аз амали террористӣ дар «Крокус Сити Холл», ки ба содир намудани он шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста шуданд, вакилони парлумони Русия як қатор ташаббусҳои қонунгузориро пешниҳод карданд. Онҳо ба шадидтар кардани қонунгузории муҳоҷират ва маҳдуд намудани ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар Русия равона шудаанд.
Вакилон аз ҷумла, дар мавриди манъи ба Русия овардани оилаи муҳоҷирон, бо маоши зиёда аз 100 ҳазор рубл кардани онҳо ба сифати боррасон (курйер), харидани силоҳи ҷароҳатдеҳ (травматикӣ) ба онҳое, ки ба тозагӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва инчунин уҳдадор кардани муҳоҷирон ба пардохти пешакии пули билети бозпас баргаштан ба ватан пешниҳодҳо карданд.
Ҳамчунин Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунро дар бораи аз шаҳрвандии дарёфта маҳрум намудан барои рад кардани ба қайди ҳарбӣ гузоштан қабул кард.
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Зеленский заявил о готовности заморозить войну с Россией в обмен на членство в НАТО
Какую погоду ожидать в Таджикистане в декабре?
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами
Инновации в сельском хозяйстве и новые законы: президент провел заседание правительства
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Мобильная связь под контролем МВД, пик рубля, нехватка воды в Нуреке и нерабочая горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 ноября 2024 года
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста