Бо гумони қатли Амрулло Боймирзоев, як ҷавон аз ноҳияи Мастчоҳ, дар шаҳри Конибодом ду нафар боздошт шудааст. Дар ин бора падари ҷавони кушташуда ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Амрулло Боймирзоев дар коргоҳи тоза кардани пахта кор мекард ва шаби 22 ба 23-юми октябр дар ҷамоати “Патар”-и шаҳри Конибодом дар шароити мармуз кушта шуд. Дар ин бора бори аввал Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд.
Нарзулло Боймирзоев, падари ҷавони кушташуда субҳи имрӯз, 28-уми октябри соли 2024, замоне, ки озими шаҳри Конибодом буд, ба “Азия-Плюс” гуфт, дар бораи боздошти гумонбарон барояш аз мақомоти корҳои дохилии ин шаҳр хабар додаанд.
“Ба ман гуфтанд, ки дар пайи куштори фарзандам ду нафарро боздоштаанд. Онҳо сокинони шаҳри Конибодом мебошанд, аммо барои ман то ҳол дақиқ нест, ки қотилони воқеӣ ин ду нафари боздоштшудаанд ё не. Ҳоло барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба Конибодом меравам”, - гуфт Нарзулло Боймирзоев.
Масъулини мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Конибодом ва вилояти Суғд барои шарҳи ҳодиса дастнорасанд. Талошҳои зиёди мо ҷиҳати дастрас кардани иттилоъ аз ин ду ниҳод бесамар анҷомид.
Дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом нахостанд оид ба ҳодисаи куштори Амрулло Боймирзоев иттилоъ диҳанд ва хоҳиш карданд маълумоти заруриро аз раёсати ВКД дар вилояти Суғд дастрас кунем. Дар раёсати ВКД дар вилояти Суғд бошад касе ба зангҳои батакрори мо посух надод.
Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи аз қазия огоҳи худ навишт, ки “Боймирзоев дар ҷойи кораш мехобид ва шахсони ношинос шабона ӯро куштаанд”.
“Тафтиш нишон додааст, ки ӯро бо банд нафасгир кардаанд. Амрулло 20 рӯз пеш соҳиби фарзанд шуда, ӯро ба серӣ надида буд”, - гуфтааст манбаи Радиои Озодӣ
Амрулло Боймирзоев, писари Нарзулло Боймирзоев, мудири идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ буд. Ҷасади ӯро рӯзи 24-уми октябр дар зодгоҳаш, ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, дафн карданд.
Ин ягона куштори норӯшан дар шаҳри Конибодом нест. Баъд аз моҳи апрели имсол дар бораи кушта шудани аъзои камаш панҷ оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро ба гуфтаи сокинони шаҳр шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо гузашти беш аз 6 моҳ кушторҳои пайдарпайи пурсарусадо ва гаштугузори шахсони ниқобпӯш дар шаҳри Конибодомро шарҳ дод ва гуфт, “ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқаррарӣ аст”.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ВКД 8-уми августи соли 2024, гуфт, дар Конибодом дар маҷмӯъ, 4 куштори оилавӣ сурат гирифтааст, ки 2 ҳолаташ ба муноқишаи оилавӣ рабт дорад ва гумонбарони он дастгир гардида, “парвандаи ҷиноятӣ дар марҳалаи ба додгоҳ ирсол кардан аст”.
“Аз 3-4 кушторе, ки дар шаҳри Конибодом содир шудааст, 3 ҳолаташ ошкор шудааст. 2 ҳолати куштор ба муноқишаи оилавӣ рабт дорад. Ин кушторҳо дар оилаи Умаровҳо ва Шариповҳо рух додааст. Ин доираи оила аст ва аллакай, парвандаҳои ҷиноятӣ дар марҳалаи ба додгоҳ ирсол кардан аст”, - гуфт Аламшозода.
Вале нагуфт, ки дар пайи ин кушторҳо дар маҷмуъ чанд нафар кушта шуданд ва чанд нафар дар маҷмуъ боздошт гардидааст.
Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ дигар ҷузъиёти бештар надод ва танҳо гуфт, ки “дар онҷо дигар ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқарарӣ аст”.
«Логопед для всех таджиков». Как Мухаммаджон Шакури боролся за чистоту таджикского языка
Всё, что нужно знать о платных парковках в Душанбе: правила, оплата и штрафы
Как и на чём экономят жители Душанбе?
Путешествуйте прямыми рейсами из Душанбе в Доху вместе с Somon Air и EASYBOOKING
Власти Испании объявили трехдневный траур по жертвам наводнений
В Дарвазе запустят новую малую ГЭС
Таджикистан привлек внимание инвесторов в горно-металлургическую отрасль
К сведению водителей: в Душанбе пройдет операция «Затор на автодорогах»
«Тело стало оружием войны»: 130 женщин в Судане совершили суицид, чтобы избежать изнасилований
В Худжанде расследуют дело о пытках задержанного со стороны четырех милиционеров
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста