Дар пайи танбашавии роҳҳо дар пойтахт ва шикояти зиёди сокинон пулиси Душанбе барои пешгирии ин кор амалиёти 10-рӯза мегузаронад. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дода, навиштааст, ки ин амалиёт аз 1-ум то 10-уми ноябр дар пойтахт барои пешгирии қойдавайронкунӣ дар роҳ, бахусус танбашавии мошинҳо бо номи шартии “Тамбашавӣ дар роҳҳои нақлиётгард” гузаронида мешавад.
Пулиси пойтахт аз ронандаҳо хостааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъан риоя карда, мошинҳои худро дар ҷойҳои номуайян нагузоранд ва ба ҳаракати дигар оситаҳои нақлиёт мушкил эҷод накунанд.
Мақомот ҳушдор додаанд, ки дар ҳолати ошкор шудани қойдавайронкуниҳо дар роҳ нисбати ронандагоне, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардаанд, ҷазои маъмурӣ татбиқ мешавад.
Бояд гуфт, моҳҳои охир дар Душанбе танбашавии нақлиёт зиёд ба чашм мерасад, ки боиси норозигии меҳмонон ва сокинони пойтахт шудааст.
Мақомот ин ҳолатро ба зиёд шудани мошинҳо дар пойтахт ва дар таъмир қарор доштани баъзе роҳҳо медонанд. “Радиои Озодӣ” аз қавли раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар нақлиёти Душанбе навиштааст, ки афзоиши мошинҳоро яке аз сабабҳои асосии танбашавӣ мебошад.
Ҷумъахон Давлатов, муовини сардори ин ниҳод ба ин расона гуфтааст, “дар таъмир қарор доштани баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душнбе, ки воситаҳои нақлиёти он кӯчаҳо ба ҳамшафати дигар кӯчаҳо гузаронида шудаанд, аз омилҳои дигари танбашавист”.
Ҳамчунин, Ҷумъахон Давлатов сабаби дигари танбашавӣ дар роҳҳоро аз навоҳии тобеи марказ бо мошинҳои шахсӣ ворид шудани афроде, ки дар пойтахт кор мекунад, рабт додааст.
Ӯ бунёди метро ва роҳҳои дутабақа ё эстакадаро аз роҳҳои ҳалли мушкилот ва осон шудани ҳаракат дар Душанбе донистааст.
Мақомот қаблан гуфта буданд, ки аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт 20% зиёд карда мешавад. То он вақт дар роҳҳои шаҳр 305 автобус равуо дошта, бояд пас аз 1 сентябр шумори онҳо ба 375 адад расонида мешуд.
Гуфта мешуд, ки мутаносибан шумори троллейбусҳо аз 55 адад то 75 адад зиёд карда мешавад. Шумори микроавтобусҳо (маршруткаҳо), ки то вақт 950 адад гуфта мешуд, ба қавли мақомот аз 1 сентябр боз 100 микроавтобуси дигар ба он илова гардид.
Шумори таксиҳо низ бояд аз 3200 адад то 3350 адад зиёд карда мешуд. Яъне дар Душанбее, ки каме бештар аз 1 миллион аҳолӣ дорад, беш аз 4500 ҳазор воситаҳои нақлиёт кор мекунанд. Ба ҷуз ин шумори мошинҳои хусусӣ маълум нест ва боз ҳамарӯза садҳо мошин аз дигар ноҳияҳо ба Душанбе меояд, ки ин шумори нақлиёти равуодошта дар пойтахтро меафзояд.
Мушкили танбашавии роҳҳо солҳо боз дар Тоҷикистон вуҷуд ддорад, вале то ҳол роҳи ҳалли ниҳои худро наёфтааст.
Всемирный банк презентовал в Душанбе Доклад о климате и развитии
Храп и апноэ во сне: как лишний вес ставит под угрозу ваш отдых и здоровье?
Япония построила школу в селе Таги Чинор в Истаравшане
Президент запустил футбольную школу и обувную фабрику на севере Таджикистана
Таджикистан в октябре поставил соседям электричество на 3,8 миллионов долларов
TİKA подарило спортинвентарь баскетболистам-колясочникам Таджикистана
"Мы ничего не знаем". Суд по делу известных политиков вновь прошел за закрытыми дверями
В Казахстане закрыли проезд по мосту между Европой и Азией
Власти Абхазии усмотрели в действиях протестующих признаки госпереворота
На каких условиях Казахстан будет приобретать энергию Рогунской ГЭС?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста