Мақомоти милитсияи пойтахт як сокини 29-солаи шаҳри Душанберо бо гумони куштори холааш (хоҳари модараш) дар ҳолати сархушӣ боздошт кардаанд. Сабаби куштор “баҳсу муноқиша байни ҳамдигар” гуфта мешавад.
ВКД аз ин ҷавон ва ҳамчунин зан ном набурадааст ва танҳо ишора кардааст, ки онҳо хешони наздик (ҷияну хола) будв, сокинони 29 ва 42-солаи пойтахт мебошанд.
Сабаби марги зан “3-4 зарби пой дар рӯйю сар” ва "хунравии зиёд" гуфта мешавад.
“Баъдан ҷабрдидаро, ки аз сару рӯй ва даҳонаш хун саршор будааст, ба ҳаммоми хонаи истиқоматиаш дароварда, сару рӯяшро шуста, либосҳои дар тан доштаи холаашро иваз намуда, дидаву дониста дар айвони сарди хонааш гузоштааст, ки марҳум аз сабаби хунравии зиёд ба ҳалокат расидааст”, - навиштааст ВКД.
Нисбати гумонбаршаванда барои одамкушӣ ё моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон паврандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Боздошти гумонбарон барои куштори яъзоёни оила ва ё хешовандон бори аввал нест. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2024 Ҳукмиддин Салоҳиддинов, бо гумони куштори хоҳарбузургаш Шодиой Салоҳиддиноваи 46 сола боздошт шуда буд.
Инчунин, 31-уми августи соли гузашта Илҳом Раззоқови 26-сола бо гумони куштори ҳамсараш Баҳринисо Боқиева 22 сола бо роҳи буғӣ кардан дастгир шуда буд.



Шашмакомист с итальянским бельканто. Памяти Ахмада Бобокулова
Тюрьма и штраф до миллиона рублей. В России введут уголовное наказание для мигрантов за липовые медсправки
Узбекский Марадона приехал играть в чемпионат Таджикистана
Снос жилья в Таджикистане: как получить компенсацию?
Большинство транспортных компаний в Таджикистане не соблюдают лицензионные требования – Минтранс
В Польше заявили о выходе из Оттавской конвенции и возможном минировании восточных границ
Работают ли канатные дороги в Душанбе и Худжанде?
Пластиковый след Таджикистана: 9 миллионов тонн мусора в год
Четырехлетняя девочка скончалась от отравления угарным газом в Айнинском районе
Парвиз Кашкаров: «Таджикский футбол через 10 лет будет более конкурентоспособным и узнаваемым в Азии»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста