Имрӯз, 5-уми феврал Додгоҳи олии Тоҷикистон дар Боздоштгоҳи муваққатии Дуушанбе (СИЗО) ҳукми чеҳраҳои “парвандаи табадуллот”-ро эълон кардааст.
Чанд манбаи “Азия-Плюс” гуфтанд, ки додгоҳ
- Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси пешини ҲДТ-ро ба 27 соли зиндон;
- Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба 27 соли зиндон;
- Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ва ҳуқушиноси тоҷикро ба 18 соли зиндон;
- Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси ҲДТ ва рӯзноманигорӣ тоҷикро ба 18 соли зиндон
маҳкум кардааст.
Ҳамчунин, додгоҳ Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимовро 8 соли зиндон маҳкум кардааст.
Мақомот ӯро ба "хиёнат ба давлат" (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар медонанд. Ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, вале ҳамаи аснодаш мусодира шуда буд. Қаблан, додрас ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Рухшона Ҳакимова 17 соли зиндон хоста буд.
Ба иттилои дарёфтӣ парвандаи Рухшона Ҳакимова ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” рабт дорад, ки баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он назар додаанд.
Ӯ баъди элони ҳукм аз толори додгоҳ боздошт шудааст.
Радиои Озодӣ бо такя манбаъҳои худ менависад, ки дар доираи ин парванда, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам ба 18 сол зиндон маҳкум шудааст.
“Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев, ду сарҳанги бознишастаи амният 18 солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд ва Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ барои 17 сол равонаи зиндон шуд”, - навиштааст ин расона.
То ҳол маълум нест, ки яке аз дигар чеҳраҳои ин парванда чӣ ҷазо гирифтааст.
Ин расона ҳамчунин, навиштааст, ки бар асоси қарори додгоҳ, амволи Ҳамрохон Зарифӣ ва Саидҷаъфар Усмонзода мусодира мешавад.
Назари вакилони дифои маҳкумшудаҳо ва наздикони онҳо ба қарори додгоҳ ҳоло маълум нест.
Худи онҳо дар мурофиаи пешин, зимни ироаи суханони охиринашон бегуноҳии худро таъкид ва аз додгоҳ хостаанд, ки онҳоро озод кунанд.
Ҳамчнин, дар мурофиаи рӯзи 14-уми январ вакилони дифои гумонбарон аз додгоҳ озодии зерҳимояашон ва қисме сабук кардани ҷазо ба онҳоро хоста буданд.
Аксари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.
Мақомот расман дар ин бора иттилое намедиҳанд. Додгоҳ ба ин парванда ҳукми махфӣ ҳам задааст. Аз ин рӯ, ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногуни ғайрирасмӣ мебошад.
Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Пасон дастикам 7 чеҳраи дигар, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев ба тадриҷ боздошт шуданд.
Дар мурофиаи рӯзи 8-уми январ ба ҳамаи чеҳраҳои парвандаи ба истилоҳ “табаддулот” аз 23 то 30 соли зиндон хоста буд.
Ҷузъиёти парвандаи “табаддулоти давлатӣ”-ро дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед.
От кур-несушек до элитных голубей. Топ-5 популярных домашних птиц Таджикистана
Троих узбекистанцев приговорили к смертной казни в ОАЭ за убийство раввина
Единая виза, увеличение путей сообщения. О чем говорили президенты Таджикистана, Узбекистана и Кыргызстана?
В Таджикистане построят завод по переработке железной руды
Президенты Таджикистана и Ирана обменялись поздравлениями и договорились о новых встречах
Две легковушки попали под камнепад близ Дангары
Что ждет мигрантов в России с 1-го апреля?
Какое место занял Таджикистан в Индексе женского здоровья?
NYT: США вовлечены в войну России с Украиной «гораздо глубже, чем считалось ранее»
Кто избран председателями комитетов и комиссий парламента Таджикистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста