Зарари молиявии бештар давоми соли гузашта дар сохтори Вазорати мудофиаи кишвар ошкор шудааст: 122,7 миллион сомонӣ.
Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, дар соли 2024 кормандони ниҳоди зери роҳбарияш дар умум зарари молиявиро ба маблағи 425,7 миллион сомонӣ ошкор кардаанд. Аз ин маблағ 411,9 миллион сомонӣ ба буҷет баргардонида шудааст.
Тибқи маълумоти ӯ, дар соли гузашта 2323 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки аз ин шумора таҳқиқи 728 парванда анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол гардидааст.
Сулаймон Султонзода зикр кард, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар аз ҳама дар ин ниҳодҳо содир шудаанд:
-ҳукуматҳои маҳаллӣ – 257 ҳолат,
-соҳаи маориф ва илм – 172 ҳолат,
-бахши мудофиа – 171 ҳолат.
Ҳамчунин, дар соли гузашта 1711 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки бо коррупсия алоқаманд аст, сабт шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи Индекси байналмилалии дарки коррупсия дар соли 2024, Тоҷикистон бо 19 имтиёз, дар муқоиса бо соли гузашта як зина поён рафтааст. Бо ин нишондиҳанда, кишвар дар байни 180 давлат дар мақоми 164-ум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳар сол рӯйхати ниҳодҳоеро нашр мекунад, ки кормандони он бештар аз ҳама даст ба фасод задаанд. Дар солҳои гуногун ин рӯйхат фарқ мекунад, аммо соҳаи маорифу илм ва тандурустӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ҳамеша дар ин рӯйхат ҳастанд.
«Совет на пятёрку»: Как помочь ребенку сдать экзамены без стресса?
Новый дресс-код и критика: как проходит Каннский фестиваль в 2025 году?
В ДТП в Казахстане погибли шесть граждан Таджикистана
ОДКБ начнет поставки вооружения на таджикско-афганскую границу в 2026 году
Таджикистан посетил самый титулованный борец в мире Михаин Лопес Нуньес
«Он стал жертвой...» Спустя 25 лет заказчик убийства Сайфа Рахимзода Афарди остается неизвестным
Душанбе готовится к первой выставке здоровья и красоты
Таджикистан попросил исламские финансовые организации увеличить поддержку крупных проектов в стране
Лето, которое меняет всё: MediaLAB Asia+ запускает образовательную программу для подростков
Генпрокуратура России начнет мониторить вред, причиненный иностранными государствами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста