Дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон 2 ҳазору 566 шаҳрванди Тоҷикистон ширкат варзидаанд, ки аз ин теъдод, тибқи иттилооти тасдиқшуда, 1 ҳазору 455 нафар кушта шудаанд. Ин нуктаро Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ зикр кард. Вале нагуфт, ки ин теъдод дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон давоми кадом солҳо кушта шудаанд.
Танҳо таъкид кард, ки дар ин давра дар кишвар садҳо ҷиноятӣ хусусияти террористидошта ошкор шуда, даҳҳо нафар боздошт шуданд.
Дар натиҷаи 3 амалӣ террористӣ ду кас кушта шуд
Дар Тоҷикистон соли гузашта 5 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта, аз ин, 3 амали террористӣ содир шудааст. Амалҳои терористӣ дар шаҳри Кӯлоб содир шуда, дар натиҷа ду нафар кушта шудаанд. Аз тарафи мақомот ду ҳолати сӯиқасд ба терроризм ошкор ва пешгирӣ карда шудааст.
Мақомот тафсилоти ошкор ва пешгирӣ шудани амалҳои террористиро ифшо накарданд. Ҳамин тавр, маълум нест, ки дар робита ба ин амалҳо дар маҷмуъ, чанд нафар боздошт гардидааст.
Эҳтимол яке аз ин амалҳо, акти террористӣ бар зидди Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аст, ки рӯзи 5-уми январи соли 2024 дар деҳаи Тӯдакафши шаҳр рух дод.
Ба иттилои мақомот, Бахтиёр Маҷидзода ва нуҳ нафар ҳамаслаки ӯ мошини хидматии Салим Сайвализодаро дар назди хонааш таркониданд, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳат бардошт. Вазири корҳои дохилӣ ин амалро “акти террористӣ” номида буд.
Аз Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷинояткорон “бо мақсади тарсонидани мардум” махсус раиси ҳизбро интихоб кардаанд ва гумонбарони ин ҳодиса аз 8 соли зиндон то ҳукми абад маҳкум шуданд.

Беш аз 1700 ҷинояти хусусияти террористию экстремистидошта
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти рӯзи 13-уми гуфт, дар соли 2024-ум 1 ҳазору 750 ҷинояти хусусияти террористию экстремистидошта ошкор шуда, дар натиҷа 365 аъзо ва тарафдорони ин ҳаракату ташкилотҳо боздошт шудаанд.
“401 аъзои ин ташкилот, ки дар ҷустуҷу қарор доштанд, дастгир ва 499 нафари дигар ихтиёрӣ баргардонида шуданд. Барои маблағгузорӣ ба терроризм ва экстремизм 212 ҳолат муайян гардида 112 нафар дастгир шуданд”,- гуфт Раҳимзода.
Дар ҳамин ҳол, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул дар нишасти матбуотии рӯзи 14-уми феврал гуфт, соли гузашта дар кишвар 1494 ( соли 2023-юм 1228) ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли 2023 226 адад ё 17,8 фоиз зиёд гардидааст.
Кушта шудани 1455 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон
Ба иттилои вазири корҳои дохила, соли гузашта 10 оила дар ҳайяти 143 нафар ва аз соли 2015 инҷониб 113 оила дар ҳайати 1444 нафар аъзоёни ташкилоти террористию экстремистӣ ба кишвар баргардонида шудаанд.
Раҳимзода гуфт, ки ҳамаи ин ашхос ба “ҳаёти солим мутобиқ карда шудаанд”.
“Дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон 2 ҳазору 566 шаҳрванди Тоҷикистон ширкат варзидаанд, ки аз ин теъдод, тибқи иттилооти тасдиқшуда, 1 ҳазору 455 нафар кушта шудаанд.
Яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ - экстремистӣ ин дур будани ҷавонон аз дарсу мактаб, ба тадриси ғайрирасмӣ машғул шудан дар назди муллоҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ва ҷой кардани ақидаҳои ифротӣ дар мафкураи онҳо мебошад”,- гуфт Рамазон Раҳимзода.
Беша аз 4700 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор доранд
Рамазон Раҳимзода дар идома гуфт, ки то имрӯз беш аз 4 ҳазору 760 ҷинояткор дар ҷустуҷӯ қарор доранд, ки “барои дастгир кардани онҳо тамоми чорабиниҳои тафтишотии мақомоти кишвар ва имкониятҳои “Интерпол” истифода шуда истодааст”.
“Дар ҳамкорӣ бо “Интерпол”-и кишварҳои хориҷ 68 ҷинояткори дар ҷустуҷӯбуда дар қаламрави кишварҳои Аврупо ва Араб дастгир карда шуданд. 39 нафари онҳо ба Тоҷикистон истирдод карда шуда, 29 нафари боқимонда дар марҳилаи омодакунии ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ қарор доранд”,- афзуд Раҳимзода.
Вазири корҳои дохила гуфт, ки соли гузашта аз ҷониби мақомот 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 91 нафар барои содир кардани 68 ҷиноят ошкор ва боздошт шудаанд.
Ҳамчунин, мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия чанд маротиба аъзоёни чанд гурӯҳҳои экстремистӣ дар ҳудуди Русияро боздошт ва ба кишвар истирдод кардааст.
Онҳо кистанд ва аъзои кадом гурӯҳанд, вазир нагуфт.
Афзоиши ҷиноятҳо дар соли гузашта
Ба иттилои Вазорати корҳои дохила соли гузашта дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 315 (соли 2023 – 21 319) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар муқоиса ба соли 2023, 996 ҳолат зиёд мебошад.
Аз ҷумла, одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон 75 ҳолат, роҳзанӣ 28 ҳолат, таҷовуз ба номус 41 ҳолат, авбошӣ 1 ҳазору 663 ҳолат, қаллобӣ 3 ҳазору 480 ҳолат, дуздӣ 3 ҳазору 858 ҳолат,ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва тайёр кардани силоҳ 31 ҳолат, тамаъҷӯӣ 61 ҳолат, муомилоти воситаҳои нашъадор 745 ҳолат сабт шудааст.
В Турции продолжаются протесты после ареста Экрема Имамоглу. ВВС рассказывает, как мэр Стамбула стал лидером оппозиции
Будущее воды в Центральной Азии. Каким оно будет?
Сборная Таджикистана добыла свою первую победу в отборе на Кубок Азии
В Таджикистане сильные осадки вызвали сход селей
Правительство Таджикистана списало более 230 тысяч сомони долга одной компании
Помощь Европейского союза Таджикистану не уменьшится - посол ЕС в РТ
Россия и Украина при посредничестве США договорились о перемирии на море
В России рассмотрят законопроект о целевых патентах для мигрантов
Кыргызстан ратифицировал Договор о госгранице с Таджикистаном и соглашение о дорогах и перекрестках
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 26 марта 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста