Кумитаи тафтишоти Русия алайҳи Таҳмина Самадова, як зодаи Тоҷикистон, ки тақдими хона ба ӯ баҳси тунди миллатгароёни русро ба миён овард, парвандаи ҷиноятии нав боз кардааст. Парвандаи дуввум пас аз нашри хабарҳо дар бораи шикояти ӯ ба Додгоҳи Митишии Маскав барои баргардонидани хонаи туҳфашуда боз шудааст.
Дар хабарномаи ин ниҳод гуфта мешавад, ки “тафтишот ин амали зан (муроҷиат ба додгоҳ дар назар аст, - аз идора)- ро як кӯшиши нав барои тасарруфи маблағҳои давлат бо роҳи қаллобӣ арзёбӣ мекунад".
Кумитаи тафтишотӣ гуфтааст, ки ҳоло нисбати ин зан барои “тайёрӣ ба ҷиноят ва сӯиқасд ба ҷиноят” ё қисми 3 моддаи 30 Кодекси ҷиноятии Русия парванда боз кардааст.
“Дар робита ба ин ва бахусус барои пешгирии ҷиноят, мақомоти тафтишотии Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав боз як парвандаи ҷиноӣ (қисми 3 моддаи 30, қисми 4 моддаи 159 Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия) боз кардаанд”,- гуфта мешавад дар хабарнома.
Дирӯз, 2 - юми июн хабари ба додгоҳ шикоят кардани Таҳмина Самадова барои баргардонидани хонаш, ки моҳи янвир соли ҷорӣ шаҳрдории Митиши туҳфа карда, дертар дар пайи эътирози миллатгроёни рус бозпас гирифт, расонаӣ шуд.
Гуфта мешуд, ки мурофиаи аввал охири моҳи май баргузор шуда, ҷаласаи додгоҳии навбатӣ моҳи июл мегузарад.
Аввали моҳи январи соли равон шаҳрдории Митиши ба Таҳмина Самадова дар доираи барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд гувоҳнома барои хариди манзил ба маблағи 24 млн рубл тақдим кард. Ин боиси баҳсу даъвоҳо дар ҷомеаи ин кишвар шуд.
Дар пайи фишори ҷомеа мақомот хонаро дубора гирифта, нисбати ин зодаи Тоҷикистон бо ҷурми “қаллобӣ” (қисми 4, моддаи 159.2 КҶ ФР) парванда боз карда, ӯро боздошт карданд. Баъдтар Таҳмина Самадоваро бо шарти тарк накардани ҷойи истиқомат озод намуданд.
Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия талаб карда буд, ки раванди тақдими хона ба хонаводаи Самадова санҷида шавад.
Дертар, дар пайванд ба ин ҳодиса муовини раиси шаҳри Митиши низ дастгир ва барои хунукназарӣ (моддаи 293 КҶ ФР ) бар зиддиш парванда боз шуд. Ӯ ба ин айбдор шудааст, ки дар раванди тасдиқ маълумот дар бораи даромад ва аъзоёни оилаи зодаи Тоҷикистонро дуруст насанҷидааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Юлия Купетская, шаҳрдори Митиш гуфта буд, ки “Самадова ба корҳои хайрия машғул аст ва бародаронаш барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Украина бо ордени “Ҷасорат” ва медали “Барои шуҷоат” сарфароз гардонида шудааст. Оила барои гирифтани шаҳодатномаи манзил ба тамоми шароитҳо ҷавобгӯ аст”.
Таҳмина Самадова ва шавҳараш Рамазон Раҳимов, зодаи Тоҷикистон ҳастанд, ки 14 сол пеш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Онҳо бо 7 фарзанди худ дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекарданд.
Мавқеи худи аъзои ин оила дар робита ба ин қазия маълум нест. Онҳо аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд.
Ахиран тақдими хона ба як оилаи дигари тоҷик дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов, ки шаҳрвандии Русияро дорад, боиси норозигӣ ва баҳси ҷомеа ва миллатгароҳо гардида буд.





Мужчина в США обнаружил под мусорными завалами элементы таджикской чайхоны
Афиша от «Азия-Плюс»: Итальянский цирк, концерт «Карнавальная ночь» и балет «Щелкунчик»
В Хатлоне мужчину приговорили к 21 году за убийство жены электрическим током
Всемирный банк оценил инвестиционный климат в мире. Как обстоят дела в Таджикистане?
От Асланшоха Рахматуллоева до Шарифа Назарова. Кого мы потеряли в 2025 году?
«Большой шлем» в Париже - первый для таджикских дзюдоистов турнир в 2026 году
США покидают 66 международных структур по указу Трампа
Таджикский боец Муин Гафуров получил чёрный пояс по таэквон-до
Мигрантам в России решили сократить срок прохождения медосмотра и ужесточить наказание за поддельные справки
«У нас с Эмомали Рахмоном был жаркий 10-часовой разговор». Садыр Жапаров раскрыл подробности разрешения пограничного спора между странами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста