Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико ба убури ғайриқонунии марз ва ғайриқонунӣ ворид кардани хориҷиён ба ин кишвар бо ҳадафи ба даст овардани фоида муттаҳам шудаанд.
Дар ин бора Дэвид Меткалф, додситони ноҳиявии иёлати Пенсилвания дар баёнияе иттилоъ дода, аз онҳо Беҳзод Раҳматови 30-сола ва Мӯнис Хоҷиеви 31-сола ном бурдааст.
Маълум нест, ки ин ду ҷавон кай ва чӣ гуна боздошт шудаанд, вале рӯзи нашри баёнияи додситон 24-уми июн мебошад.
Ба гуфтаи манбаъ, Раҳматов дар шаҳри Мейнвил дар аёлати Оҳайо ва Ҳоҷиев дар шаҳри Филаделфия иқомат дошта, ҳарду ғайриқонунӣ дар як рӯз вориди Иёлоти Муттаҳида шудаанд.
Тибқи иттиҳомоти додситонӣ, Раҳматов ва Хоҷиев ҳамчунин ба талош барои ворид кардани шаҳрванди хориҷӣ ба ИМА бо ҳадафи ба даст овардани даромади молӣ гумонбар мешаванд.
Ба навиштаи манбаъ, онҳо ба шахсе ёрӣ кардаанд, ки ғайриқонунӣ ба ИМА ворид шавад. Сипас, онҳо аз он мард дар бораи ба кишвар ворид кардани муҳоҷирони ғайриқонунии дигар тавсия гирифтаанд тавсия ва роҳнамоӣ гирифтаанд.
"Давоми солҳои 2022-2025 ин ду нафар бо дигар афрод ҳамкорӣ карда, шабакаи убури ғайриқонунии муҳоҷирон ба ИМА-ро ташкил кардаанд. Онҳо барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, аз ҷумла раводидҳо ва шиносномаҳо тайёр мекардаанд. Муҳоҷирон бо ин ҳуҷҷатҳо аз марзи Мексика ба ИМА дохил мешудаанд. Муттаҳамон барои ин “хадамот” маблағи муайян мегирифтанд", - омадааст дар баёнияи додситонӣ.
Солҳои охир қаламрави Мексика ба як роҳи маъруфи убури дастаҷамъонаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, табдил ёфтааст.
Агар гуноҳи Беҳзод Раҳматов ва Мӯнис Хоҷиев дар додгоҳ собит шавад, ба ҳар як аз онҳо то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Ин парванда аз ҷониби Бюрои федеролии тафтишот (FBI) таҳқиқ мешавад.
Ба иттилои манобеи боз, теъдоди зодагони Тоҷикистон дар Амрико то 16 ҳазор нафар мерасад, ки бештари онҳо дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Филаделфия зиндагӣ мекунанд.
Дар чанд соли охир боздозти шаҳрвандон ва зодагони Тоҷикистон дар ИМА зиёд расонаӣ мешавад. Аз октябри соли 2020 то сентябри соли 2024 дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико 825 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардидаанд. Ба иттилои дастарс, аз ин теъдод шаҳрвандони Тоҷикистон 103 тан ҳабс ва 88 каси дигар ихроҷ шудаанд.
“Азия-Плюс” қаблан қиссаи як ҷавони тоҷике, ки тавассути Мексика ба ИМА рафтааст навишт. Қиссаи ин ҷавони тоҷикро дар матлаби мазкур “Аз Душанбе то Ню-Йорк: Чӣ гуна як шаҳрванди Тоҷикистон тавассути Мексика ҳамчун гуреза ба ИМА ворид шуд”, метавонед мутолиа кунед.





Рекордный снегопад в Москве: такого не было полвека
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
«Дюна», «Нарния» и «Голодные игры: Рассвет жатвы»: Самые ожидаемые фильмы 2026 года
В Таджикистане открылось трансферное окно: первые потери лидеров
Кого критиковал Эмомали Рахмон в 2025 году?
Трамп объявил о планах проведения сухопутной операции США против наркокартелей Мексики
Азербайджан экстрадировал на родину задержанного гражданина Таджикистана
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Свет опять подорожает, новые барьеры для въезда в США и история одного спасения
Эмомали Рахмон осуществил ряд кадровых перестановок в системе МВД
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 10 января 2026 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста