Додситонии вилояти Суғд бо нашру насби тасвири ду гумонбар дар қатли як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз сокинон хостааст, ки дар пайдо кардани онҳо кумак кунанд. Ҳукумати ноҳия барои пешниҳоди маълумоти аҳамиятнок 100 ҳазор сомонӣ мукофот таъин кардааст.
Зариф Абдураҳимов, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов шаби 26 ба 27-уми июни соли ҷорӣ дар хонааш, дар шоҳидии фарзандонаш бо зарби корд кушта шуд ва он замон мақомот гуфта буданд, ки “гиреҳи ҷиноят кушода шуда, тафтишот идома дорад”.
Ҳамакнун, бо гузашти расо ду моҳ аз ин куштор, мақомот эътироф кардаанд, ки гумонбарон то ҳол пайдо ва боздошт нашудаанд ва аз ин лиҳоз, бо нашру насби тасвири гумонбарон дар қатли Зариф Абдураҳимов аз сокинон хостаанд, дар пайдову дастгир кардани онҳо кумак кунанд.
“Дар холати шинохтани шахсони дар акс инъикосёфта, ҷойи қарордошти онҳо ё ин ки доштани дигар маълумотҳои аҳамиятнок доир ба куштор, ҳатман ба гурӯҳи тафтишоти-фаврии прокуратураи вилояти Суғд бо рақамҳои 83422-6-59-20, прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо рақамҳои 83455 2-27-14, 2-26-61, 2-17-45, 90 100 00 09 хабар диҳед”,- зикр мегардад дар варақаи эълоне, ки дар кӯчаҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд насб шудааст.
Дар эълон таъкид мешавад, ки “барои пешниҳоди маълумоти аҳамиятнок аз ҷониби МИҲД ноҳияи Ҷаббор Расулов мукофотпулӣ дар ҳаҷми 100 000 сомонӣ таъин карда шудааст”.

Мақомот ба сокинон кафолат додаанд, ки ҳар гуна маълумот дар бораи шахси ироакунандаи он, махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Бояд гуфт, 8-уми август Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд дар шарҳи ин куштор ва раванди тафтиш гуфта буд, ки ин куштор бо мақсади дуздӣ содир шуда, барои ошкор кардани он бо роҳбарии муовини додситони вилоят гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст ва ба он кормандони додситонӣ, раёсати умури дохилаи вилоят шомиланд. Ӯ эътироф карда буд, ки то ҳол дастандаркорони ин ҷиноят ошкор ва боздошт нашудаанд.
Ёдовар мешавем, ки куштори Зариф Абдураҳимови 38-сола дар шоҳидии фарзандони ноболиғаш ҷомеаро ба даҳшат оварда буд.
Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов он замон гуфта буд, ки ду нафар барои дуздии пул ба хонаи Зариф Абдураҳимов ворид шуда, дар пеши чашми фарзандонаш ӯро куштаанд ва баъдан фирор намудаанд.
Туйчибой Отамуродзода, муовини раиси ҷамоати деҳоти Гулхона, ки Зариф Абдураҳимов он ҷо зиндагӣ мекард, гуфта буд, ки “маълум нест, ки ҷинояткорон пул ёфтаанд ё не. Вале даҳони фарзандони 14 ва 16-солаи Зариф Абдураҳимовро бо “скотч” баста, онҳоро бо занҷир латукӯб кардаанд”.
“Ҳолати фарзандон ҳоло хуб буда, таҳти назорат ва табобати духтурҳо қарор доранд”,- зикр карда буд ӯ.




Рекордный снегопад в Москве: такого не было полвека
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
«Дюна», «Нарния» и «Голодные игры: Рассвет жатвы»: Самые ожидаемые фильмы 2026 года
В Таджикистане открылось трансферное окно: первые потери лидеров
Кого критиковал Эмомали Рахмон в 2025 году?
Трамп объявил о планах проведения сухопутной операции США против наркокартелей Мексики
Азербайджан экстрадировал на родину задержанного гражданина Таджикистана
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Свет опять подорожает, новые барьеры для въезда в США и история одного спасения
Эмомали Рахмон осуществил ряд кадровых перестановок в системе МВД
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 10 января 2026 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста