Номзад ба президенти Русия, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод кард, ки ба ҳайти Русия баргарданд.
«Ман ҷонибдори онам, ки қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар Русия қатъ карда шавад. Комилан. Ва то 1-уми июл бояд ҳама қаламрави Русияро тарк созанд», - гуфтааст ӯ дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «Мир».
Дар посух ба суоли рӯзноманигор оид ба бад шудани муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва Тоҷикистон, Жириновский посухи манфӣ дода, изҳор кардааст, ки «агар онҳо ба ҳайти Русия ворид шуданӣ бошанд, марҳамат, ҳеҷ Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) лозим нест. «Масалан, ноҳияи Душанбеи вилояти Новосибирск ё ноҳияи Бишкеки вилояти Омск, онҳо ҳамчун ҳавзаи осиёимиёнагии федеративӣ вуҷуд хоҳанд дошт», - гуфтааст ӯ.
«Агар онҳо як қисмати Русия шаванд, мо ба онҳо фармоишҳо пешниҳод мекунем ва ба Маскав рафтан лозим намеояд. Мо дар он ҷо ҳама чизи истеҳсолкардаи онҳо, аз ҷумла пашм, гӯшт ва меваҳоро мехарем», - иброз доштааст вай.
Номбурда бо назардошти пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ афзудааст, ки «ин гуноҳи Елтсин буд ва онро мебояд ислоҳ кард». «Аз ин рӯ, ба ҳайати Русия даъват мекунам», - илова кардааст Жириновский.
Соглашение по госгранице: Какими участками обменялись Таджикистан и Кыргызстан?
Летние школы и стажировки в Азии. Дедлайны уже близко
Дорога в Ворух будет нейтральной
Что таджикистанцы знают о политических партиях и кандидатах в парламент?
В Таджикистане представили AION – первое кредитное бюро на базе ИИ
Toyota провела в Душанбе конференцию для дилеров
Парламентские выборы в Таджикистане: от начала до сегодняшнего дня
Гражданин Таджикистана арестован в США по обвинению в поддержке ИГИЛ и терроризме
Россия продлила запрет на экспорт бензина. Затронет ли это Таджикистан?
Афиша от «Азия-Плюс»: Выставка Парвин Юсуфи, вечер музыки от MUZA и ярмарка мастеров «МартАртМаркет»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста