Муовини аввали роҳбари фраксияи Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) дар Думаи давлатӣ Владимир Овсянников дар робита ба аз ҷониби ВКХ Тоҷикистон ба сафири Русия дар ҶТ супурдани ёддошт ба хабаргузории РИА Новост и изҳор намудааст, ки раиси ЛДПР Владимир Жириновский бо суханони худ на мақомоти раҳбарӣ ва на сокинони Тоҷикистонро ранҷонданӣ набуд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбе дар робита ба изҳороти Владимир Жириновский ва Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири Русия сафири ин кишвар дар ҶТ Юрий Попов ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуда, ба ӯ ёддошти ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон супурда шуд.
Дар ёддошт аз ҷумла зикр гардида буд, ки чунин суханҳои таҳқиромез дар барномаи «Поединок»-и шабакаи телевизионии «Россия-1» аз 18 апрели соли 2013 аз ҷониби роҳбари фраксияи ЛДПР дар Думаи давлатӣ В.Жириновский баён гардид, натанҳо роҳбари ҷумҳурӣ, балки миллати тоҷикро таҳқир мекунад. Дар ин барнома В.Жириновский, аз ҷумла бо лаҳни дурушт изҳор кард, ки Тоҷикистон болоравии нархи ҳузури пойгоҳи низомии Русияро дархост дорад ва дар посух Русия дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор қабул намекунад, ки ин барои Тоҷикистон оқибатҳои фоҷеабор ба бор хоҳад овард.
«Шояд ин суханон бо лаҳне баён гардиданд, ки боиси ранҷиши намояндагони Тоҷикистон шуда бошанд, вале Жириновский мақсади озурдани мақомоти раҳбариву сокинони Тоҷикистонро пайгирӣ надошт. Шояд зимни баҳси шадид ӯ на он қадр ба таври дипломатӣ ибрози андеша карда бошад, вале дар асл ақидае баён шуд, ки ба мо коргарони бидуни раводид ва шиносномаи хориҷӣ лозим нестанд, зеро он назорат аз болои вазъи муҳоҷиратро ғайриимкон месозад», - гуфтааст Овсянников.
Намояндаи парлумони Русия таъкид намудааст, ки аъзои ЛДПР ин масъала, аз ҷумла то бо ҷойҳои корӣ таъмин накардани тамоми аҳолии хоҳишманди маҳаллӣ, надодани раводиди кориро ҳаллу фасл карданианд.
Овсянников ҳамчунин ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки дар қатораҳое, ки аз Тоҷикистон ба Русия меоянд, «ҳолати хеле бади санитарӣ мавҷуд буда, ин вазъ низ онҳоро нигарон мекунад ва маълум нест, ки дар дохили ин қатораҳои дар қаламрави Русия равуодошта чӣ гуна вазъе вуҷуд дорад».
Соглашение по госгранице: Какими участками обменялись Таджикистан и Кыргызстан?
Летние школы и стажировки в Азии. Дедлайны уже близко
Дорога в Ворух будет нейтральной
Что таджикистанцы знают о политических партиях и кандидатах в парламент?
В Таджикистане представили AION – первое кредитное бюро на базе ИИ
Toyota провела в Душанбе конференцию для дилеров
Парламентские выборы в Таджикистане: от начала до сегодняшнего дня
Гражданин Таджикистана арестован в США по обвинению в поддержке ИГИЛ и терроризме
Россия продлила запрет на экспорт бензина. Затронет ли это Таджикистан?
Афиша от «Азия-Плюс»: Выставка Парвин Юсуфи, вечер музыки от MUZA и ярмарка мастеров «МартАртМаркет»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста