Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти раиси Ҳизби-либерал-демократии Русия Владимир Жириновский посух гуфт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКХ Тоҷикистон, дар посухи ҷониби Русия зикр мегардад, ки «изҳороти муовини раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии ФР, роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия В.Жириновский дар барномаи «Поединок»-и шабакаи «Россия» дар доираи барномаи телевизионии ток-шоу ва дар шакли эҳсосии ба ин сиёсатмадор хос баён гардидаааст».

Ҳамчунин дар посух таъкид мегардад, ки «изҳороти мазкур ба мавқеъи расмии Русия ҳеҷ умумияте надошта, Русия Тоҷикистонро ба сифати шарики стратегӣ арзёбӣ мекунад ва ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 23-юми апрели соли равон Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Ю. Попов ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда шуда, ба ӯ ёддошти эътирозии ҷониби Тоҷикистон супурда шуд.

Дар изҳорот зикр гардида буд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз  тайи чанд ҳафтаи охир аз ҷониби ВАО-и Русия роҳандозӣ шудани маъракаи ҳадафноки иттилоотӣ, ки ба паст задани обрӯву манзалати Тоҷикистон равона шудааст, нигарон аст.

Дар ВКХ ҶТ ба он таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд, ки бо вуҷуди он, ки дар Русия зиёда аз 13 млн. муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои гуногун фаъолият доранд, иштироккунандагони ин барнома муғризона бештар таваҷҷӯҳи худро ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик равона карда буданд.

«Бо назардошти гуфтаҳои боло, чунин ба назар мерасад, ки маъракаи густурдаи иттилоотии бар муқобили Тоҷикистон эълоншуда, ҳадафҳои сиёсии дигар дорад», - баён гардида буд дар ёддошт.