Намояндаи махсуси президенти Русия дар Афғонистон Замир Кобулов кӯшиши убури марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҷониби ҷангиёнро аз эҳтимол дур намедонад.
«Маълумоте мавҷуд аст, ки як қатор гурӯҳҳои ифротгаро бо шумули Толибону Давлати исломӣ дар ин минтақаҳо марказҳои омодагии ҷангиён ташкил кардаанд. Амалан имрӯз ду макони тамаркузи зиёди ифротгароён вуҷуд дорад, ки яке дар музофотҳои Бадахшону Қундуз ва дигарӣ дар музофотҳои Бодғису Фарёб амал мекунад», - гуфт ӯ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».
Дар ҳамин ҳол, З.Кобулов таъкид дошт, ки ҷангиёни мустақар дар ин музофотҳо ба гурӯҳҳои гуногуни этникӣ шомил буда, вале аксаран тоҷикону қирғизҳо ва ӯзбеконанд ва ҳамчунин арабҳову уйғурони чинӣ ва зодагони Қафқози Шимолӣ низ ҳузур доранд.
Ба гуфтаи ӯ, ахири моҳи апрел вазъ дар Қундуз шиддат гирифта, толибон кӯшиш карданд, ки маркази маъмуриро ишғол намуда, як қатор қитъаҳои роҳи мошингарди пайвасткунандаи музофот бо Кобулро зери назорат гиранд.
«Дар партави ин ҳодисаҳо сурат гирифтани кӯшишҳои убури марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро аз эҳтимол дур намедонам, аммо мутмаинам, ки раҳбарияти ин давлатҳо ба ин гуна сенарияҳо омода буда, аллакай як қатор тадбирҳои муайяни боздоранда рӯйи кор гирифт. Чунин тадбирҳо ҳамчунин дар шакли дастаҷамъона, аз ҷумда дар доираи СААД низ андешида мешаванд», - изҳор дошт З.Кобулов дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».
Трамп высказал надежду на завершение конфликта в Украине в течение полугода
В Душанбе задержали группу наркоторговцев с 127 кг опиума и гашиша
Марк Цукерберг: Facebook и Instagram отменят фактчекинг и «восстановят свободу выражения мнений»
Число жертв землетрясения в Тибете возросло до 126 человек. Эмомали Рахмон выразил соболезнования главе КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 января 2025 года
Бердвотчеры: Зачем люди наблюдают за птицами?
В Душанбе открылся «Торговый дом Узбекистана» по строительным материалам
Дом, где все продумано до мелочей. В Рудаки строят дом премиум-класса
Эмомали Рахмон произвел кадровые перестановки: кто лишился постов, а кто получил новое кресло?
В Узбекистане осудили воевавших в Украине на стороне России
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста