Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 24-ум аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, раиси ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Твери Федератсияи Русия Муқим Майбалиев бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардонда шуд.
Х изматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар ходимони давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ ва намояндагони бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон бо орденҳои Шараф дараҷаи 1 ва Шараф дараҷаи 2 қадрдонӣ шуд.
Аз миёни онҳо ба дастовардҳои Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки нахустин шуда, ба бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 дар Рио де Жанейраи Бразилия дар риштаи гурзандозӣ соҳиби роҳхат гардидааст, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Гурӯҳи калони дигари кормандон аз соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, истеҳсолот, илму техника, фарҳангу санъат, маориф, бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонда шуданд.
Хизматҳои шоёни таҳсини зиёда аз 20 нафар кормандону намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Гурӯҳи дигари кормандони соҳаҳои гуногун бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Авиакомпания Asman Airlines выполнила первый рейс по маршруту Бишкек – Худжанд – Бишкек
Косим Бекмухаммад: «Душанбе и Бишкек предпочли решить проблему границы без вмешательства третьих сторон и добились успеха»
Госсекретарь США назвал два этапа прекращения конфликта в Украине
Как фентанил стал наркотиком раздора между США и Китаем, и причем тут геополитика
Для поступления в школу детям мигрантов в РФ достаточно сдать русский на тройку
Футболистки из Таджикистана отправились играть в женскую лигу Грузии
Трамп приказал сократить штаты агентства USAGM, курирующего «Радио Свобода» и «Голос Америки». Что будет с медиакорпорациями?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 марта 2025 года
Как студия-школа бальных танцев «Амрита» вывела Таджикистан на всесоюзный уровень
15 добрых дел, которые вы можете совершить в благословенный месяц Рамазан
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста