Собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоева изҳор доштааст, ки сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаллу фасли мушкилоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон худро канор мегирифт.
«Замони президентиам Эмомалӣ Раҳмонро сари мизи гуфтушунид даъват карда, аз мушкилот пурсон ва ҳалли онро пешниҳод мекардам, вале ӯ бо ҳар роҳ худро аз ин канор гирифта, суҳбатро ба самти дигар мебурд», - иброз доштааст Отунбоева дар мусоҳиба ба радиои «Азаттык» (хадамоти қирғизии Радиои Озодӣ).
«Бо президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов мутаассифона, муколама умуман сурат намегирифт», - қайд кардааст ӯ.
Ӯ ба душвории ҳаллу фасли ин масоил бо сарони ду кишвари ҳамсоя ишора кардааст. «Бархе мегӯянд, президенти дигар метавонист бо Каримов вохӯрда, ба созиш ояд, Атамбоев гӯё ба ин қодир нест. Бале, хуб мебуд агар ҳалли масъалаҳо бо онҳо имкон медошт, вале аз ин чизе ҳосил намешавад. Дар ҳама гуна ҳолат чунин масъалаҳоро бояд ботаҳаммул ва ҳамзамон бидуни таъхиру таваққуф ҳал намуд», - таъкид доштааст ӯ.
Ба қавли собиқ президенти кишвари ҳамсоя, дар саросари ҷаҳон ҳудуди 200 кишвар арзи ҳастӣ дошта, қариб нисфи онҳо ҳамин гуна мушкилоти марбут бо марзҳо ё қаламрави дохилиро доранд.
«Масалан, вақте мо аз Чин хотиррас мешавем, танҳо чизи хуб мегӯем, гӯё он ба мо қарзҳо медиҳад. Дар асл бошад, Чин бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ - Ҷопон, Ветнам, Филиппин ва ғайра қариб дар ҳолати ҷангӣ қарор дорад», - қайд кардааст ӯ.
Отунбоева бар ин назар аст, ки аллакай муддати 25 сол аст, ки мушкилоти аз Иттиҳоди Шӯравӣ меросмонда ҳал намешаванд. «Бале, дар ин робита мо дар бунбаст қарор гирифта, ба душвориҳо дучор ва бо сарони кишварҳои ҳамсоя забон ёфта наметавонем. Лекин ин масъаларо танҳо бо иштироки ду ҷониб ҳал кардан имконпазир аст», - афзудааст собиқ президенти Қирғизистон.
Қобили зикр аст, ки миёни Қирғизистону Тоҷикистон масоили марбут ба мушкилоти марз то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонанд. Дар қитъаҳои то ҳол баҳсноки марзи давлатии ин кишварҳо муноқишаҳо рух медиҳанд, ки талафоти ҷониро ҳам ба бор меоранд.
Евросоюз выделит €3 млн на строительство объектов в приграничье Таджикистана
Таджикистан выступил в ООН с инициативой по регулированию искусственного интеллекта
«Global Gateway» в Центральной Азии: визит комиссара Йозефа Сикела будет направлен на совместные проекты развития
Администрация Трампа прекратит реализацию 83% программ USAID
В Таджикистане получили налоговые льготы работодатели, трудоустраивающие лиц с инвалидностью
Таджикистан vs Узбекистан. Сколько стоят футбольные чемпионаты и игроки двух стран?
Эмомали Рахмон посетит Кыргызстан с государственным визитом
Таджикистан вошел в группу стран с низкой угрозой терроризма
Всемирный банк: Таджикистан – лидер по доле денежных переводов в экономике
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 марта 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста