Роҳбари ҳаракати ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов изҳор намуд, ки дар манзилаш дар Маскав кофтуков гузаронида мешавад.
Дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук Каромат Шарипов навиштааст, субҳи имрӯз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба манзилаш барои кофтуков гузаронидан омадаанд.
Ӯ қайд кардааст, ки 2 июни соли 2016 Суди олии Русия дар ҷаласаи кушоди судӣ парвандаи маъмурӣ оид ба аризаи даъвогии Вазорати адлияи Русияро дар бораи барҳам додани ҳаракати умумирусигии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» баррасӣ кард.
Сарфи назар аз мавқеъи Вазорати адлияи Русия дар симои намояндагони он, ки ба барҳамдиҳии ташкилоти ҷамъиятӣ исрор варзидаанд, Суди олии Русия қарор кардааст, ки «барои созиши тарафҳо то 1 августи соли 2016 муҳлат дода шуда, то анҷоми ин муҳлат истеҳсолоти парванда боздошта шавад».
Соати 6.15 дақиқаи субҳи имрӯз бошад, дар манзили Каромат Шарипов кофтуков сар шудааст. «Ин далел гувоҳи он аст, ки аз байн бурдани ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ва бадном кардани раиси ҳаракат Каромат Шарипов фармоишӣ буда, «фармоишгар» ҳам дорад», - гуфта мешавад дар маълумот.
Ёдрас мекунем, ки Суди олии Русия бо талаби Вазорати адлияи ин кишвар масъалаи барҳам додани ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»-ро баррасӣ мекунад.
Как проходил первый парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
Защита от смерти и страхование жизни: как снизить уязвимости к климатическим потрясениям?
$2,5 за порцию и выше. Индекс плова и рост цен в странах Центральной Азии
Физик, преданный науке. Иному Бободжанову – 90 лет
Главные инвесторы Таджикистана в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 февраля 2025 года
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Таджикистанка прошла в финал международной премии Women Changing the World Awards
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста