Дар шаҳри Маскав рӯзи 5 июл таҳти раёсати муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва муовини раиси Шӯрои федератсияи Русия Евгений Бушмин ҷаласаи 6-уми Комиссия оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Шӯрои федератсияи Маҷлиси федералии Русия доир гардид.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, зимни ҷаласа Евгенйи Бушмин таъкид доштааст, ки ҳамкориҳои зичи Русияву Тоҷикистон ба омилҳои ҳам таърихиву ҳам ҷуғрофӣ асос ёфта, рушди робитаҳои ҳамгиройӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни кишварҳо муҳим аст. «83 субъекти Русия дар сатҳҳои гуногун бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд», - хотиррасон кардааст ӯ.

Дар навбати худ Абдураҳмон Қодирӣ қайд кардааст, ки муносибатҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо ахиран ба сатҳи нав баромада, робита ва ҳамкориҳои судманд дар шаклҳои гуногун густариш меёбанд.

Гуфта мешавад, дар доираи кори ҷаласа ҷонибҳо нақшаи кори Комисия барои нимсолаи дуюми соли равонро баррасӣ ва ҳаййатҳои ҳарду тараф дар ин комиссияро тасдиқ намуда, атрофи ҷараёни иҷрои нақшаи кор дар давраи баъди ҷаласаи панҷум (12 ноябри соли гузашта) табодули назар кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласа қарор шудааст, ки Форуми 5-уми байнулмилалии «Русия - Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминатқавӣ» моҳи октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.