Аз замони роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико 25 сол ва оғози фаъолияти дипломатии Элизабет Миллард ба унвони сафири Амрико дар Тоҷикистон 4 моҳ пур мешавад. Радиои Озодӣ ба ин муносибот сӯҳбати ихтисосиеро бо хонум Миллард анҷом дод.

Зимни посух ба савол дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар партави таҳдиду хатарҳои нав, Э.Миллард аз ҷумла изҳор доштааст, ки «дуруст аст, ки Тоҷикистон ба таҳдидҳои ҷиддӣ, назири терроризм ва ифротгароӣ рӯ ба рӯ мешавад ва барои ҳар кишвар ин вазифаи осон нест, аммо дар масъалаи ифротгароии хушунатомез ва мухолифати осоишта бояд фарқ гузошта шавад».

Ба андешаи дипломати амрикоӣ, бисёр кишварҳо бо масъалаи нигоҳ доштани мувозинат байни риояи озодиҳои инсон ва таъмини амният рӯ ба рӯ мешаванд ва ҳеҷ давлате нест, ки бигӯяд, дар ин масъала мукаммал аст.

«Мо омода ҳастем, ки дар ин масъала кӯмак кунем. Бо вуҷуди он, мо боварӣ дорем, ки хомӯш кардани садои мухолифон омили пайдо шудани кӯшишҳое барои даст задан ба иқдомҳои дигар аз ҷониби афроди муайян мешавад. Он тавре, ки пештар таъкид кардам, фаъолияти мо дар Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот ва амният равона шудааст. Кӯмаки мо барои таъмини амният гуногунҷанба аст ва ин кӯмакҳо барои таҳкими марзҳои Тоҷикистон ва мубориза бо таҳдидҳое, назири терроризм ва қочоқи маводи мухаддир афзоиш хоҳад ёфт. Ҳадафи кӯмакҳо ин аст, ки нирӯҳои амниятии Тоҷикистон дар сатҳи ҳирфаӣ фаъолият кунанд. Аммо дар масъалаи риояи ҳуқуқи башар мо аз таҷрибаи пешқадами худ истифода бурда нирӯҳои амниятии Тоҷикистонро омӯзиш медиҳем, - гуфтааст сафир. - Паёми мо ба тамоми ҷаҳон ин аст, ки эҳтироми ҳуқуқи башари инфиродӣ ва демократия роҳи беҳтарин барои таъмини сулҳу субот, амният ва рушди пайвастаи дарозмуддат аст».

Ба гуфтаи дипломат, таваҷҷӯҳи асосии ҳукумати ИМА дар Тоҷикистон таҳкими суботу амният ва рушди иқтисоди кишвар аст, то аз ин тариқ сатҳи зиндагии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон беҳтар шавад.

Бо вуҷуди ин, ба андешаи Элизабет Миллард, Тоҷикистон бояд бо ҳама давлатҳо муносибатҳои дӯстона дошта, бо ҳамсояҳои худ ва минтақа ва ҳатто бо ИМА ин муносибат густариш ва тақвият пайдо кунад.

«Дар ин замина бо ИМА ташаббуси нав оғоз ёфт. Сафари Ҷон Керрӣ ба минтақа ва баргузории нишасти “5 +1”, ки охири соли гузашта дар Самарқанд баргузор шуд, оғози ин ташаббус аст. Ин гурӯҳ кишварҳои минтақаро бо ҳам дар масъалаи тиҷорат ва муносибатҳои инсонӣ наздик мекунад. Албатта, аз фаъолияти ин гурӯҳ натиҷаҳо ва дастовардҳои муҳимеро ба даст овардан мумкин аст», - қайд кардааст дипломат.

Дар фарҷом сафири ИМА таъкид доштааст, ки васоити ахбори оммаи мустақил на натиҷаи таҳдидҳои амниятӣ, балки омили пешгирикунандаи ин таҳдидҳо аст. «Масоили марбут ба мушкилоти озодии баён, аз ҷумла мавориди сайтбандиҳоро ҳамеша бо ҳукумати Тоҷикистон ва ҳатто дар Вашингтон матраҳ мекунем. Албатта ин масъала барои Амрико дар дар авлавият қарор дорад», илова кардааст ӯ.