Бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ бо пешниҳоди Президенти мамлакат дар дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат рӯзи 12 декабр вохӯрии роҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар бо намояндагони ҳукумат баргузор шуд. Гурӯҳи намояндагони ҳукуматро ёвари президент оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода роҳбарӣ кардааст.
Дар вохӯрӣ аз 7 ҳизби расман сабтиномшуда роҳбарони 6 ҳизб - Ҳизби халқии демократӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби коммунист, Ҳизби демократ, Ҳизби Состсиалистӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ширкат варзида, раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократӣ ҳузур надоштааст.
«Иштирокчиёни вохӯрӣ масоили ҳамкории аҳзоби сиёсӣ бо ҳукумати кишвар дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, амалисозии лоиҳаҳои барои кишвар муҳим, муқовимати ҷомеа бо терроризму ифротгароиро баррасӣ карданд», - иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» яке аз иштирокчиёни вохӯрӣ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков.
Намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар доир ба масъалаҳои коҳиши ҳаҷми гаравпулии интихобот ва мусоидати ҳукуматдорон ба таъмини ҳизбҳо бо дафтарҳои корӣ ибрози ақида кардаанд.
«Ҳизби коммунист пешниҳод кард, ки ба хотири арҷгузорӣ ба замони шӯравӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи таърихи навтарини Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе яке аз ҳайкалҳои доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин барқарор шуда, ҳамчунин натиҷаҳои маъракаи хусусигардонии иншооти давлатие, ки имрӯз аз фаъолият бозмондаанду андоз пардохт намекунанд ва дар онҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё нашудааст, мавриди бозбинӣ қарор гиранд», - қайд кард Талбаков.
Ба гуфтаи ӯ, дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои марбут ба аз ҷониби ҳукумат истифода шудани имконоти кадрии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар мавриди таъинот ба мансабҳои роҳбарикунанда низ баррасӣ шудаанд.
«Мо ба ҳукумат пешниҳод кардем, ки тариқи ВАО шарҳу тавзеҳҳои роҳбарони бонкҳо роҳандозӣ шавад, зеро имрӯз онҳо дар мавриди баргардонидани амонатҳои аҳолӣ ба мушкилот дучоранд», - афзуд пешвои коммунистони тоҷик.