Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин нимаи дуюми рӯзи 27 феврал бо сафари расмии навбатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Владимир Путинро сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Баъдан дар саҳни бинои Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор шуд.

Худи ҳамин рӯз дар Қасри миллат мулоқоти хоссаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин доир гардида, Владимир Путин Президенти Тоҷикистонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Россия бо мукофоти олии Федератсияи Россия Ордени Александр Невский сарфароз намуд.

Баррасии масоили марбут ба муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ва муштаракоти стратегии Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.

Баъди анҷоми музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул шуд.

Сипас дар ҳузури сарони ду 6 санади нави ҳамкорӣ:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна;

- Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2017 ба имзо расид.

1/4

Сипас барои намояндагони васоити ахбори умум аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Изҳорот барои матбуот пешниҳод гардид.