- Иқдомоти Сафорати Эрон дар Тоҷикстон дар чанд моҳи ахирро ба таври мухтасар баён намоед

- Дар бахши иқтисодӣ метавон ба иқдомоти зерин ишора кард:

- Ҳамоҳангии сафари мутақобили муовинони роҳи оҳани Эрон ва Тоҷикистон ба Душанбе ва Теҳрон барои тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи боркашонӣ тавассути роҳи оҳан ва транзит;

- Ҳамоҳангии сафари ҳайати бузурги сармоягузории Эрон ва ширкати он дар ҳамоиши сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе ва имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи сармоягузории вилояти Хуросони Разавӣ ва Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон;

- Сафари вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва гурӯҳе аз масъулони иқтисодӣ, сиёсӣ ва  фарҳангӣ ба Теҳрон барои баргузории 11-мин иҷлоси Комиссияи муштараки иқтисодии ду кишвар. Дар назар дорем нишасти кумитаи пайгирии онро низ дар остонаи Наврӯз баргузор намоем;

- Такмили корҳои боқимондаи тунели Истиқлол, ки бо ширкати молии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва тавассути ширкатҳои эронӣ иҷро шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки мушкилоти қаблии тунел мисли резиши об аз сақфи тунел, ноҳамвории сатҳи кафи тунел ва яхзадагии он дар зимистон бартараф шуда ва системаи рушноӣ низ барои он барқарор гардидааст ва бо таваҷҷуҳ ба такмили иқдомоти ҷониби эронӣ бар асоси қарододи дуҷониба, ба зудӣ таҳвили қатъии тунел анҷом хоҳад шуд;

- Баргузории ҷаласоти муштарак бо фаъолони иқтисодии эронӣ ва масъулони Тоҷикистон ва ташвиқи ширкатҳои эронӣ ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз иқдомоти дорои авлавияти сафорат будааст

Дар ҳавзаи фарҳангу ҳунар таи чанд моҳи гузашта метавон ба мавридҳои зерин ишора кард:

- Ҳамроҳӣ ва пуштибонӣ аз ҷашнвораи филми кутоҳи "Навсоз", ҳамкорӣ дар фиристодан ва ширкати чор нафар аз синамогарони Тоҷикистон ба ҷашнвораи филми кӯтоҳи Эрон,

- Баргузории ҳамоиши вижаи бузургдошти марҳум устод Садриддин Айнӣ ба унвони яке аз ифтихороти ҳавзаи форсизабонон дар Теҳрон,

- Ширкат дар ҷашнвораи байналмилалии филми "Дидор" ва ҳузури ҳунармандон ва довари эронӣ устод Ризо Каёниён дар ҳайати доварони бахше аз ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар будааст.

- Баргузории чандин нишасти тахассусии илмиву адабӣ бо соҳибназарони тоҷик ва чопи чандин китобу маҷаллаи илмӣ аз ҷумла бархе аз китобҳои омӯзишии мактабҳои Тоҷикистон тавассути Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии сафорат.

Ҳамчунин дар ҳавзаи варзиш шоҳиди ҳузури чанд гурӯҳи кӯҳнавардӣ аз Эрон дар Тоҷикистон будем, аз ҷумла гурӯҳи кӯнавардони Озаркӯҳи Табрез, ки аъзои даста 16 нафар буданд ва дар вилояти Бадахшон қуллаи 7495 метрии Сомониёнро фатҳ карданд. Ҳамин тавр шоҳиди ҳузури доварони зан ва марди эронӣ дар баргузории бархе риштаҳои варзишӣ дар Тоҷикистон будем. Аз ҷумла ду хонум ба унвони довар дар мусобиқоти бонувон ширкат доштанд ва ғайра. 

- Таътил шудани Кумитаи имдод дар Тоҷикистон овозаҳоеро ба вуҷуд овардааст. Ин таътилӣ то чӣ замоне идома хоҳад дошт?

- Кумитаи имдоди Эмом Хумайнӣ як ниҳоди хайрия аст ва дар дохил ва хориҷ аз Эрон ҳар куҷо ки ниёзманде бошад ва кумак бихоҳад, бидуни ҳеҷ миннате кумак хоҳад кард. Фаъолиятҳои ин ниҳод ба хости мақомоти Тоҷикистон ва дар сахттарин шароити ин кишвар шурӯъ шуд ва солҳо идома ёфт. Ҳар гоҳ дубора эъломи ниёз шавад, метавонад фаъолияти худро аз сар бигирад. Хидматҳои ин ниҳод дар Тоҷикситон ба касе пӯшида нест ва борҳо аз мақомоти Тоҷикистон бавижа Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби оқои Раҳмон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Эшон дар дидор бо раиси ин ниҳоди хайрия фармудаанд:"Коре, ки шумо (Кумитаи имдод) мекунед, хайру савоб аст ва ин ки мардуми муҳтоҷро соҳиби касбу ҳунар мекунед, то зиндагии худро беҳбуд бахшад, бисёр баманфиат аст. Тоҷикистон бо чашми ифтихор ба ин мусоидатҳо менигарад".

- Хатари ишоаи (интишор) терроризм дар Осиёи Марказӣ рӯ ба афзоиш аст. Оё Эрон барномаи муштараке бо Тоҷикистон барои муҳори терроризм дар минтақа дорад?

- Бар асоси оморҳои ироа шуда фақат гурӯҳи террористии ДИИШ дар соли 2016 мелодӣ 1141 амалиёти интиҳорӣ (яъне моҳиёна 95 амалиёт) анҷом дода аст. Ҳамчунин дар ҳоли ҳозир беш аз 30 ҳазор террористи хориҷӣ аз сад кишвар ба Сурия ва Ироқ сафар кардаанд ва дар онҷо машғул ба амалҳои харобкорона ҳастанд. Қатъномаи пешниҳодии Раисҷумҳури Эрон ҷаноби оқои доктор Хасани Руҳонӣ ба унвони ҷаҳони орӣ аз хушунат ва ифротгароӣ яке аз муҳимтарин қатъномаҳои маҷмаи умумӣ барои муқобила бо терроризм аст. Эрон корномаи хубе дар мубориза бо терроризм дорад ва агар нақшофаринии мусбати Эрон ва ҳамроҳияш бо давлатҳои Ироқ ва Сурия набуд, шояд акнун парчами ДИИШ дар Бағдоду Арбил ва Димишқ насб буд. Мо барои тавсеаи амният ва субот дар сатҳи минтақа тарҳи роҳбурдие дар сатҳи минтақа пешниҳод карда ва пайгирӣ мекунем ва равишҳои муқобала бо терроризмро низ фақат низомӣ намедонем. Бар ин назар ҳастем,ки барномарезии созмонёфта, ҳамкориҳои ду ё чанд ҷониба, таомулоти сиёсиву иттилоотӣ ва муқобила бо фақри фарҳангӣ ва иқтисодӣ ва ҳимояти сарони кишварҳои минтақа аз ин иқдомот роҳҳои ҳалли муқобала бо ин муъзал ва убур аз мушкилот рӯ ба рушди ифротгароӣ ва терроризм аст.

Мо кишваре ҳастем,ки тайи 38 соли гузашта ба шиддат аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ мавриди таҳоҷум қарор гирифта ва беш аз 17 ҳазор шаҳид дар ин роҳ тақдим кардаем ва дар муносиботи худ бо кишварҳои мантақа заминаҳои шаклгирӣ ва фаъолияти гуруҳҳои террористиро ташреҳ намудаем.

Муҳимтарин барномаи Эрон дар кумак ба кишварҳои минтақа барои муқобала бо тероризм, ироаи мушовараҳои мавриди ниёз, тақвияти муносибот байни дастгоҳҳои низомӣ, интизомиву амниятӣ бо кишварҳои дигар ва низ ироаи таҷоруби камназир ба даст омада дар саҳнаҳои умдаи ҷанг бо террористҳо ба кишварҳои минтақа будааст. Хамкориҳои роҳбурдии Эрон бо Русия дар саҳнаи Сурия,ки мунҷар ба пирӯзиҳои чашмгире бар террористҳо бавижа озодсозии шаҳри муҳими Ҳалаб гардид, яке аз мисдоқҳои муваффақи ҳамкориҳои мантақавӣ дар ин замина аст.

Аз ҷумла таомулоти муртабит бо ин мавзӯъ метавон ба дидори мутақобили вузарои кишвари Эрон ва ТоҷикисТон дар соли 2014 ва имзои мувофиқатномаи ҳамкориҳои амниятӣ ишора кард. Пас аз тасвиби маҷлисҳои ду кишвар аз соли 2016 ниҳоӣ ва иҷроӣ шуд. Вазири дифои Эрон низ аз ҳамтои тоҷики худ барои сафар ба Теҳрон даъват намудааст. Дар соли 2015 ҳам сафари фармондеҳи марзбонии Чумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон анҷом шуд. Бархе сафарҳо ва таомулот низ байни ду кишвар дар даст пайгири аст,ки иншоаллоҳ муҳаққақ хоҳанд шуд.

- Оё  Эрон барномае барои пешгирӣ  аз афзоиши нуфузи ваҳҳобиҳо дар ғарби Осиё дорад?

- Мавзӯъи ваҳдати мусалмонон аъм аз шиаву суннӣ баҳсе аст,ки тавассути донишмандони  мусалмонон, аз ҷумла раҳбарони Эрон бар он таъкид шудааст. Дар солҳои  ахир бо пурранг шудани  фаъолиятҳои  такфирии салафиҳо ва ваҳҳобият ба номи ислом ва тақвияти ин ҷараёноти суфоришиву  воридотӣ, зарурати иқдоми амалӣ ҷиҳати таҳаққуқи  ваҳдати мусалмонон бештар эҳсос мешавад. Миллати азизи тоҷик медонанд,ки ваҳҳобиҳо  ва такфириҳо бо худи аҳли суннат ҳам ихтилоф доранд. Зеро ағлаби касоне, ки акнун  дар Мисру Тунису Ироқ тавассути инҳо  кушта мешаванд, шиа нестанд. Хатти ваҳҳобиҳову салафиҳо  бо бародарону хоҳарони аҳли  тасаннун комилан ҷудост. Ваҳҳобиҳо дар эътиқодоташон  ишколоти зиёде вуҷуд дорад. Дар мактаби ваҳҳобӣ куштани як мусалмони дигар масалан шиа, ки  ба ваҳҳобият муътақид нест, ҷоиз аст. Оё ҳеҷ мусалмоне бо донистани ин  матлаб ҳозир хоҳад буд ваҳҳобӣ шавад? Бедории ҷавонон ва иртиқои  донишу биниши онҳо ва ифои нақши созандаи рӯҳониюн дар ҷавомеъи  исломӣ ду омили  муҳимм дар шикасти  тарҳҳои  тафруқаафканона дар ҷаҳони ислом  аст ва ин  бар ӯҳдаи сиёсатмадорон, донишмандон, ва уламои бедору огоҳи дар сатҳи мантақа аст то аз тавтеаҳое,ки  таҳти ливои ин гироишот ҷараён дорад, парда бардорад.

 Аз назари мо иттиҳоду ҳамбастагии мусалмонони ҷаҳон ва мантақа ва боло бурдани  сатҳи огоҳӣ ва ҳушёрии ҷавомеъи исломӣ муҳимтарин иқдомотест, ки  метавонад, ҷилави нақшаҳову тавтеаҳои душманони исломро бигирад.

- Барои  тақвияти равобиту муштаракоти ду кишвар чӣ барномае  доред?

- Ин  савол  дар  абъоди  гуногун  қобили  баррасист. Дар буъди  сиёсӣ  дидорҳои мақомоти  ду кишвар, ҳамкориҳо ва мавзеъгириҳои муштарак дар  сутуҳи  мантақаӣ ва  байналмилалӣ  ва истимрори  ҳамкориҳои  ду давлат бо якдигар  бар асоси  эҳтирому манофеъи  мутақобил аз усули аввалияи барномаҳои аввалияи  ду кишвар аст. Дар заминаи  ҳамкориҳои иқтисодӣ  низ барномаҳои мухталифе дар ҳоли пайгирӣ аст:

- пайгирии мусаваботи  кумисюни муштарак аз тариқи ҳамоҳангии барои баргузории кумитаи пайгирии 11- умин иҷлос, тақвияти мушорикати ширкатҳои эронӣ дар сохти садд ва нерӯгоҳи Роғун

- такмили сохти фози аввали тасфияхонаи оби шаҳри Душанбе тавассути  ширкати  Шимбора,ки ба зудӣ ифтитоҳ хоҳад шуд

- тавсеаи ҳамкориҳои  ҳамлу нақлӣ, хусусан роҳи оҳан бо таваҷҷуҳ ба ин ки  роҳи оҳани Эрон бо ироаи  тахфифоти вижа омодаи тронзити колоҳои Тоҷикистон, ба вижа алюминиум ва пахта мебошад

- тавсеаи ҳамкориҳои бонкӣ ва мубориза бо терроризм аз ҷумлаи ин барномаҳост.

- Бо таваҷҷуҳ ба тағйири тавлияти устони Қудси Разавӣ ва эҷоди Идораи зоирони ғайриэронӣ дар ин ниҳод  ба назар  мерасад аз он ҷо ки тоҷикон алоқаи хосе ба ҳазрати Ризо (ъ) доранд, оё метавон гуфт, ки  яке аз роҳҳои  тақвияти муносибот эъзоми зиёрати аввалиҳо ба Машҳад –ур Ризо бо ҳамоҳангии  устони қудси Разавӣ аст? Дар ин замина  чӣ барномае доред?

- Машрут ба хости мақомоти марбута дар давлати Тоҷикистон, ин сафорат, омодагӣ дорад, бо ҳамоҳангии устони  қудси Разавӣ  ва Кумитаи дин ва органҳои зирабти Тоҷикистон,  барои ин гуна сафарҳо дар қолаби гурӯҳҳои зиёратии  туристӣ иқдом кунад ва аз пуштибониву ҳимояти устони  қудс барои кам шудани ҳазинаҳои афроде, ки барои бори аввал ба зиёрат мераванд, истифода кунанд. То кунун дархосте  дар ин хусус сурат нагирифтааст.