Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии СММ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон кумакҳои Канадаро ба сохторҳои қудратӣ, таҳкими марз бо Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгирии фаъолияти Коллеҷи марзбонии САҲА дар Тоҷикистон, ширкати коршиносони кишвари Канада дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳим барои Тоҷикистон ва Афғонистон баланд арзёбӣ менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, технологияҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, амнияту бехатарӣ ва идоракунии сарҳад фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Мулоқот дар руҳияи созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифта, Эмомалӣ Раҳмон аз сарвазири Канада Ҷастин Трюдо даъват ба амал овард, ки дар фурсати барояш муносиб аз Тоҷикистон боздид намояд.

Дар Ню-Йорк Президенти Тоҷикистон ҳамчунин бо мудири Барномаи рушди СММ Ахим Штайнер дидору гуфтушунид карда, дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи СММ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ изҳори қаноатмандӣ намуда, Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми барномаи рушд дар ҳалли ниёзмандиҳои кишвари мо баҳои баланд дод.

Ахим Штайнер дар рафти мулоқот аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли мушкилоти умдаи замони муосир ёдовар шуда, мавқеи пойдор ва нақши пешоҳангию пешсафии Сарвари давлати тоҷиконро дар амалигардии барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ шоиста арзёбӣ намуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба масоили рӯзмарраю мавриди таваҷҷуҳ, аз қабили иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иҷтимоию иқтисодӣ, мусоидат ба иҷрои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Рӯзномаи 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, коҳиш додани сатҳи камбизотӣ, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳалли масоили глобалии марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, барқарорсозӣ ва рушди инфрасохтори зарурии ҳаёт ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф табодули афкор намуданд.