Шореҳи телевизион дар Русия Ксения Собчак расман эълом кард, ки номзадияшро ба мақоми президентии Русия дар интихоботи соли 2018 пешбарӣ мекунад.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, 5 сол аст, ҳамроҳ бо мухолифон ва "даҳҳо ҳазор одами дигар" ба кӯчаҳо баромада, тағйиротро талаб дорад, вале тағйироте сурат нагирифт.
"Ғоратгарону фасодкорон дуздиро идома медиҳанд", - гуфт Собчак. Ба гуфтаи шореҳ, вай бо иштироки худ дар интихоботи президентӣ мехоҳад, имкони "зидди ҳама" раъй доданро дубора баргардонад. "Ксения Собчак - номзади зидди ҳама", - изҳор дошт ӯ.
Эҳтимоли иштироки Собчак дар интихоботи президентии Русия ҳанӯз ибтидои моҳи сентябр маълум гашт. Он замон гуфта мешуд, ки шореҳи рус номзадии худро ба мақоми президентӣ бо розигии маъмурияти президенти Русия Владимир Путин пешбарӣ мекунад. Худи Собчак созиш бо Кремлро рад кард.
Мухолифи рус Александр Навалний, ки қасди иштирок дар интихоботи президентии Русияро дорад, Собчакро интиқод карда, ӯро "номзади карикатуравии леберал" номид. Собчак дар посух Навалнийро дар парокандашавии мухолифон айбдор кард.
Собчак дар шарҳи вокуниши Навалний гуфт, агар номзадии мухолифи рус ба қайд гирифта шавад, ӯ аз иштирок дар интихоботи президентӣ даст хоҳад кашид. Рӯзи чоршанбе дар Кремл гуфтанд, ки қасди Собчак барои иштирок дар интихобот "комилан дар доираи Конститутсия аст".
Духтари раиси пешини шаҳри Петербург Анатолий Собчак аз соли 2004 ба ин сӯ шореҳи барномаи "Дом-2"-и телевизиони ТНТ аст. Чанде пеш маълум гашт, ки ӯ филми мустанадеро дар бораи падараш бо иштироки президенти Русия (дар гузашта ёвари Анатолий Собчак) ба навор мегирад.