Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи вилояти Тошканд изҳор дошт, ки Ӯзбекистон муносибатҳои ҳамҷаворӣ бо Тоҷикистонро барқарор хоҳад кард, зеро «ҳамсояи номеҳрубонро баъди марг касе намебахшад». Дар ин бора барномаҳои иттилоотии шабакаҳои давлатии телевизиони ин кишвар хабар доданд.
Президенти Ӯзбекистон қайд кардааст, ки ба наздикӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон рафта, дар ҷараёни он ҷонибҳо созишномаҳои зиёдеро ба имзо мерасонанд.
Шавкат Мирзиёев ҳамчунин гуфтааст, барои омодагии сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов рӯзҳои наздик ба Душанбе меравад.
«Мо созишномаҳои зиёд баимзо мерасонем, алоқаи роҳи оҳан ва низоми ягонаи энергетикиро барқарор намуда, бисёр масъалаҳои дигарро низ баррасӣ хоҳем кард», - изҳор доштааст президенти кишвари ҳамсоя.
Ӯ зикр кардааст, ки «вақте ки муносибатҳо бо ҳамсоякишварҳо беҳбудӣ мехоҳанд, роҳандозии ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷи дур мушкилтар мешавад». «Мо ҳама мирандаем ва набояд фаромӯш кард, ки ҳамсояи номеҳрубонро баъди марг касе намебахшад», - гуфтааст Мирзиёев.
Дар идома ӯ илова кардааст, ки Ӯзбекистон муносибатҳояш бо ҳамсоякишварҳоро беҳтар хоҳад кард: «Ҳарчанд об кардани яхи 20-сола осон набошад ҳам, вале зарур аст».
Таджикистан выступил с инициативой создать совместный инвестиционный фонд с Кувейтом
Власть Маска? Как его DOGE начал захватывать правительство США
Зарплаты в Таджикистане: у кого самая высокая и самая низкая?
Продукцию, содержащую пальмовое масло, продают в Таджикистане, несмотря на запрет
Съёмки фильма про дружбу Джоми и Навои, худруком которого является Люк Бессон, начнутся в апреле
Таджикская сборная по дзюдо отправится в Баку на турнир Большого шлема
Как построить в Таджикистане успешный бизнес на LED-рекламе?
Обновить стадионы, создать Центр спортивной медицины. Рустам Эмомали поручил модернизировать футбольную инфраструктуру
Молодежь Центральной Азии будет исследовать ментальное здоровье и этику ИИ
Эмомали Рахмон назначил Юсуфа Рахмона секретарем Совета безопасности
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста