Аз 7 то 16 феврали соли равон дар шаҳри Ҷиззахии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои таъйин (делимитатсия) ва аломатгузорӣ (демаркатсия)-и сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни музокирот, ки дар пешомади вохӯрии сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид, ҷонибҳо муайянсозии гузариши хати сарҳади давлатиро дар қитъаҳои боқимондаи он идома доданд.
Зимнан зикр мегардад, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ гузашта, аз рӯи натиҷаҳои он Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои ҳукуматии Тоҷикистон хабар дод, аллакай мусаллам аст, ки масъалаи аломатгузорӣ ва таъйини марзи давлатии кишварҳо зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баҳори соли равон ба Душанбе ниҳоӣ ҳаллу фасл мешавад.
Ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки санаи 10 январ дар Душанбе доир гардиданд, пурсамару пурмазмун ва умедбахш сурат гирифтанд.
Дар мавриди масъалаи сарҳад ҷонибҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, ки қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.
Як манбаи «Азия-Плюс» имрӯз дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон Тошканду Душанбе дар масъалаи таъйин ва аломатгузори сарҳади давлатии кишварҳо комилан ба созиш расида, зимни сафари Мирзиёев ба Душанбе дар ин хусус созишнома ба имзо мерасад. Сипас онро парлумонҳои кишвар тасдиқ хоҳанд кард.
То соли 2002 ҷонибҳо 84% хати сарҳади байни давлатҳоро муайян карданд. Масофаи умумии марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ - 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) - 105 километр аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
На трассе Хорог-Шугнан-Ишкашим машина упала в реку, водителя ищут
Кэш Патель выдвинут Трампом на пост директора ФБР. Что о нем известно?
Таджикистан может стать лидером в производстве сурьмы
Трамп пригрозил странам БРИКС пошлинами в 100%, если они откажутся от доллара
Боксер из Таджикистана Асрор Вохидов победил узбекистанца в Екатеринбурге
Байден помиловал своего сына Хантера по двум уголовным делам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста