Бо қарори Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ҳамаи ташкилотҳои ҳизб ба корҳои омодагӣ ба маъракаҳои интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2010 дар ҷумҳурӣ оғоз карданд, хабар дод ба «Азия-Плюс» раиси ҲДТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидҷаъфар Исмонов.
Ба гуфтаи ӯ Шӯрои сиёсии ҳизб ба ҳамаи ташкилотҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҲДТ дастур додааст, ки омодагӣ ба маъракаҳои интихоботиро оғоз намоянд.
«Мо таҷрибаи иштирок дар ин гуна маъракаҳои интихоботиро дорем ва иштибоҳҳои роҳдодаамонро дар интихоботи гузашта мавриди таҳлил қарор дода, роҳу воситаҳои нави кор бо интихобкунандагонро муайян мекунем», - қайд кард Исмонов.
Ба савол дар бораи омодагиаш ба гузоштани номзадӣ аз ҲДТдар интихоботи президентӣ, Саидҷаъфар Исмонов зикр кард, ки пешбарии номзад ба мансаби президентӣ дар интихобот салоҳияти анҷумани пешазинтихоботии ҳизб мебошад.
«Ман ҳозир тахмин карда наметавонам, ки тирамоҳи соли 2020 аз Ҳизби демократ кӣ ба номзадӣ ба мансаби президентӣ пешбарӣ мешавад», - изҳор дошт Исмонов.
Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботи президентии соли 2013 ба ҷонибдории раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов 36 ҳазору 573 нафар шаҳрванди кишвар овоз доданд, ки аз шумори умумии интихобкунандагон 1,02 фоизро ташкил дод.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Рак в Таджикистане: сколько заболевших и где можно пройти полное обследование?
Таджикистан выступил с инициативой создать совместный инвестиционный фонд с Кувейтом
Власть Маска? Как его DOGE начал захватывать правительство США
Зарплаты в Таджикистане: у кого самая высокая и самая низкая?
Продукцию, содержащую пальмовое масло, продают в Таджикистане, несмотря на запрет
Съёмки фильма про дружбу Джоми и Навои, худруком которого является Люк Бессон, начнутся в апреле
Таджикская сборная по дзюдо отправится в Баку на турнир Большого шлема
Как построить в Таджикистане успешный бизнес на LED-рекламе?
Обновить стадионы, создать Центр спортивной медицины. Рустам Эмомали поручил модернизировать футбольную инфраструктуру
Молодежь Центральной Азии будет исследовать ментальное здоровье и этику ИИ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста