Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дастур дод, ки мувофиқи тавофуқоти ҳосилшуда зимни сафараш ба Тоҷикистон ҷиҳати суръатбахшӣ ба кори аломатгузорӣ ва таъйини сарҳад байни Қирғизистону Тоҷикистон аз тамоми тадбирҳо кор гирифта шавад.

Сооронбой Жээнбеков санаи 5 март раиси Хадамоти давлатии сарҳадбонӣ Уларбек Шаршеев ва намояндаи махсуси ҳукумат оид ба масъалаҳои аломатгузории марз Қурбонбой Искандаровро ба ҳузур пазируфт, хабар дода мешавад дар сомонаи сарвари давлати Қирғизистон.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ вазъ дар сарҳадҳои давлатии Қирғизистон, ҳамчунин ҷараёни корҳои беҳбуди фаъолияти гузаргоҳҳои назоратӣ дар қитъаҳо баррасӣ шудаанд.

Зикр гардидааст, ки семоҳаи дуюми соли равон вохӯрии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масоли дуҷониба байни Қирғизистону Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти сарони ҳарду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.