Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва роҳбарони мақомоти доимоамалкунандаи Созмони мазкурро рӯзи 23 апрел Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ин вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов иштирок намуд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор дошт, ки дар тӯли 17 соли фаъолияти худ СҲШ роҳи ғайриодии рушдро паси сар намуда, ба як ташкилоти мукаммалу бонуфӯзи минтақавӣ табдил  ёфт.

Айни замон дар доираи  СҲШ ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла дар соҳаи амният, робитаҳои хориҷӣ ва бунёди ниҳодӣ устуворона пеш мераванд.

Ӯ гуфт, ки ҷониби Чин мусоидат ба рушди СҲШ-ро ҳамчун яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ арзёбӣ менамояд. Чин омода аст, ки дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви Созмон дар соҳаи сиёсӣ ҳамдигарро дастгирӣ намуда, дар таъмини субот ва амният дар минтақа талош варзад, сатҳи ҳамоҳангиро баланд бардошта, дар ҷанбаи ҳамкориҳо дар доираи ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” механизми равобити минтақавии иқтисодиро таъсис диҳад ва алоқаҳои фарҳангиро вусъат бахшад.