Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси шаҳр ҷаноби Менг Фанли, ки бо сафари корӣ ба пойтахти кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозӣ намудани хамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба мавзӯъоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маводи хӯрока, технология, сайёҳӣ, маориф ва чалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе аҳамияти ҷиддӣ доданд.
Зикр мегардад, ки Чиндао яке аз шаҳрҳои калонтарини Чин буда, бо аҳолии тақрибан 10 миллион нафар маркази калони тиҷоративу иқтисодӣ, таърихию фарҳангӣ, сайёҳиву баҳрнавардӣ, "пойтахти синамо ва олимпиада", маркази илмию тадқиқотии баҳрӣ дар соҳаи инноватсионӣ ба шумор меравад.
Чиндао бо зиёда аз 700 бандарҳои ҷаҳонӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, бо 70 шаҳри ҷаҳон дар формати бародаршаҳрӣ муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро ба роҳ мондааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии шаҳри Чиндао Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин ақд гардид.
Қобили зикр аст, ки айни замон Душанбе бо шаҳрҳои Лусака (Замбия), Сано (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон), Мазори Шариф (Афғонистон), Теҳрон (Эрон), Шероз (Эрон), Санкт-Петербург (Россия), Минск (Беларус), Урумчӣ (Чин), Анқара (Туркия) ва Сямэн (Чин) муносибатҳои бародаршаҳрӣ дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.