Владимир Жириновский дар доираи “соати изҳорот” дар Думаи давлатии Русия изҳор дошт, ки Русия бояд сиёсати хориҷиашро ба самти таҳкими ҳамкориҳои мутақобила бо кишварҳои Осиёи Миёна тағйир бидиҳад, менависад Парламентская газета.
Ба ақидаи пешвои Ҳизби либералӣ-демократии Русия, ба ин минтақа таваҷҷуҳи бештар мебояд, “зеро дар муқоиса бо кишварҳои Назди Балтика ва Украина, дар Осиёи Марказӣ ба русҳо муносибати хубтару беҳтар доранд”.
“Дар ин кишварҳо муносибат бо русҳо беҳтар буда, лекин ба ин минтақа камтар таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Масалан, аллакай 25 сол аст, ки ягон ҳайати Русия ба Ӯзбекистон сафар надоштааст”, - қайд кардааст Жириновский.
Дар мавриди сафараш ба Тоҷикистон ӯ зикр намуд, ки “тоҷикистониён хостори муносибатҳои неку саммимӣ байни кишварҳо, омӯзиши забони русӣ, ба китобҳои дарсии русӣ таъмин кардани онҳо ва ифтитоҳи мағозаҳои фурӯши китобҳои русӣ мебошанд”.
Жириновский хотиррасон намудааст, ки ҳанӯз соли 2001 даъват намуда буд, ки дар навбати аввал бо кишварҳои ИДМ муносибатҳои хуб роҳандозӣ шавад, “лекин бо гузашти 17 сол низ сиёсат дар ин самт тағйир наёфт”.
Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи сипаришуда Владимир Жириновский аз Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид намуд. Дар Душанбе ӯ бо раиси палатаи поёнии парлумон, вазири корҳои хориҷӣ ва Президенти Тоҷикистон дидору гуфтушунид кард.
Дар шаҳри Бухоро сиёсатмадори рус аз қароргоҳи беруназшаҳрии амири Бухоро, устохонаи абрешимбофӣ ва бозори маҳаллӣ боздид намуда, зимни ӯро пешвоз гирифтани ансамбли мусиқӣ бо сокинони маҳаллӣ рақсу бозӣ кард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.