Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки сарвазирони давлатҳо Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов ҳамраисони он мебошанд, охири моҳи март дар шаҳри Тошканд доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷаласаи ин комиссия, ки бояд охири соли гузашта барпо мешуд, бо сабаби он замон байни Тошканду Душанбе ҷой надоштани масъалаҳои баҳсӣ ва рушди босуръати муносибатҳо байни давлатҳо дар ҳама самтҳо ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.
Дар ҷаласаи Тошканд асосан ба баррасии масоили рушди бештари ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва илмиву техникӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, санаи 5 март муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин кишвар Илҳом Неъматов сафири Тоҷикистон Содиқ Имомиро ба ҳузур пазируфта, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҷараёни амалисозии тавофуқҳои ҳосилшуда зимни вохӯриҳои сарони кишварҳоро баррасӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ ҳамчунин пешниҳодҳо оид ба таҳияи рӯзнома ва муҳлатҳои баргузории чорабиниҳои муштарак дар соли 2019, аз ҷумла ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ёдрас мекунем, ки санаи 12 апрел сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар кори вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бердвотчеры: Зачем люди наблюдают за птицами?
В Душанбе открылся «Торговый дом Узбекистана» по строительным материалам
Дом, где все продумано до мелочей. В Рудаки строят дом премиум-класса
Эмомали Рахмон произвел кадровые перестановки: кто лишился постов, а кто получил новое кресло?
В Узбекистане осудили воевавших в Украине на стороне России
Дебют на Кубке Азии, Олимпиада в Париже, ЧМ в Душанбе. Чем запомнился таджикский спорт в 2024 году?
КЧС Таджикистана предупредил о густых туманах и лавиноопасности
Дания изменила королевский герб после заявления Трампа о намерении купить Гренландию
Спецпосланник Трампа Кит Келлог отложил поездку в Украину
Город, поселок, вокзал. Почему в Согде так и не построили обещанные объекты?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста