Дипломати эронӣ Муҳаммадтақӣ Собирӣ ба робитаҳои бештар наздик бо Душанбе даъват намуда, изҳор дошт, ки барои густариши муносибатҳои Эрону Тоҷикистон аз ҳама гуна имконот истифода хоҳад кард, иттилоъ медиҳад Tehran Times.
Ин изҳорот рӯи якшанбе зимни вохӯрии Собирӣ бо раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон Алӣ Лориҷонӣ садо дод.
Раиси парлумон бо зарурати рушду густариши робитаҳо бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод мувофиқ аст, менависад нашрия.
“Тоҷикистон кишвари дӯсту бародарест, ки мо бо он таъриху забони умумӣ дорем”, - иброз доштааст Лориҷонӣ.
Ӯ ҳамчунин илова намудааст, ки ду кишвар дар бахшҳои гуногун муносибатҳои хуб доранд ва ин фазоро мебояд барои бартараф кардани баъзе нофаҳмиҳо истифода кард.
Ёдрас мекунем, ки Муҳаммадтақи Собирӣ ба ҷои Ҳуҷҷатулло Фағонӣ сафири нави Эрон дар Тоҷикистон таъин шуд. Ҳуҷҷатулло Фағонӣ муддати зиёда аз чор сол дар ин мансаб фаъолият намуд.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳо байни Тоҷикистону Эрон соли 2016, пас аз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро ба конфронси байнулмилалӣ даъват кардани Эрон ба сардӣ гароид. Фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон манъ ва раиси он мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.
Бино ба маълумоти расмии омории Тоҷикистон, тӯли панҷ соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Эрон се баробар – аз қариб 295 млн. доллар дар соли 2013 то ба 97 млн. доллар дар соли 2018 кам шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.