Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони “Мубориза зидди маблағгузории терроризм” дар қароргоҳи СММ ширкат ва суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни суханронии худ, вазири корҳои хориҷии кишвар аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ёдовар гардид.
Гуфта мешавад, Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки Тоҷикистон бо мақсади мубориза зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм Консепсияи миллӣ барои солҳои 2018-2025 ва Нақшаи марбута барои татбиқи онро бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2018 қабул намудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси сатҳи баланди “Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза зидди терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.
Ба иттилои манбаъ, дар толори Маҷмаи Умумии СММ дар ш. Ню-Йорк Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони “Иқлим ва рушди устувор барои ҳама” низ суханронӣ намуда, ба таъсири афзояндаи тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ ишора намуда ва таъкид дошт, ки солҳои охир дар Тоҷикистон шумораи офатҳои табиӣ ба таври назарраc афзоиш ёфтааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд кард, ки истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, ба вежа нерӯгоҳҳои обию барқӣ, ки ба муҳити зист кам таъсир доранд, ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат мекунад.
Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ки тайи даҳсолаҳои ахир шумораи пиряхҳо дар Тоҷикистон, ки манбаи асосии оби тозаи минтақа мебошанд, коҳиш ёфтааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба афзоиши истеъмоли оби нӯшокӣ дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва обшавии пиряхҳо, таъкид кард, ки кишварҳои минтақа бояд барнома ва стратегияҳои худро ҷиҳати истифодабарии самараноки об бозбинӣ намоянд ва бо мақсади мусоидат ба мудирияти оқилонаи он тадбирҳои муштарак андешанд.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳозиринро ҳамчунин бо натиҷаҳои чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ байни об ва иқлим», ки рӯзи 27 марти 2019 бо ибтикори ҳайати Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ баргузор гардид, шинос намуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
В ответ лишь длинные гудки. Как работают номера горячих линий служб по миграции в Таджикистане?
В Фархоре сдали новые дома для 36 семей, пострадавших от весеннего паводка
Какой он, идеальный муж в Таджикистане?
Афиша от «Азия-Плюс»: Вечер киномузыки Болливуда, спектакль «Женитьба» и лекция о путешествиях
Бензин в Таджикистане – самый дорогой в Центральной Азии
Более 58% детей мигрантов в РФ показали хорошее знание русского языка – исследование
Путин: «Ситуация с курсом рубля под контролем, оснований для паники нет»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста