Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикисто Шукурҷон Зуҳуров пагоҳ, 5 апрел ба Давлати Қатар сафар мекунад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар назар аст, ки Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаҳои 140-уми Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ (6-10 апрел) иштирок ва суханронӣ намуда, бо намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар дидору мулоқотҳо анҷом диҳад.

Яке аз масъалаҳое, ки дар вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо раҳбарияти Қатар матраҳ хоҳад хоҳад шуд, ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамчунин масъалаи шуғли муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар мебошад.

Дар кори ҷаласаи 140-уми Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ иштироки беш аз 2 ҳазор нафар қонунгузорон ва 80 нафар раисони парлумонҳои зиёда аз 160 кишвар дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.