Раисони парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон зимни вохӯрӣ дар доираи машварати чоруми раисони парлумонҳои Авруосиё, ки имрӯз дар пойтахти Қазоқистон оғоз шуд, масоили марзиро баррасӣ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Жогорку Кенеши Қирғизистон хабар медиҳад.
“Муносибатҳои неки ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон чандин аср идома доранд, ки аз мову шумо давоми рисолати таърихиро тақозо мекунанд. Масоили марзиро ҳарчи зудтар мебояд ҳал кард, зеро густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ба он вобаста аст”, - изҳор доштааст Зуҳуров.
Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон Достонбек Ҷумъабеков изҳори итминон кардааст, ки комиссияи ҳукуматии ду кишвар ба дарёфти роҳҳои созиш ноил мешавад.
“Ҷумъабеков изҳори умедворӣ кард, ки вохӯрии гурӯҳҳои кории комиссияҳои ҳукуматии ду кишвар ба дарёфти нуқтаҳои созиш оид ба аломатгузорӣ ва табодули дуҷонибаи қитъаҳои боқимонда имкон медиҳад. Ин раванди таъйини сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро суръат мебахшад”, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти парлумони Қирғизистон.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба хулосае расиданд, ки анҷоми расмиёти ҳуқуқии сарҳади давлатӣ ба таъмини субот ва амният дар сарҳади кишварҳо ва ба сурати умум дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Zypl.ai: первый стартап из Таджикистана, получивший лицензию в ADGM и принявший участие в программе Hub71
Чем опасны таджикские колдуны?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Кармен», «Маленький принц» и K-POP Party
Оползни и сели в Таджикистане подтопили дома и разрушили дороги
Дело Иванова. Бывший замминистра обороны России арестован до 23 июня
Сколько в Таджикистане было оправдательных приговоров за пять лет?
В Москве умер бывший вице-премьер Таджикистана
КЧС Таджикистана: в горах Таджикабада погиб ребенок
У Таджикистана не будет медалей? Аналитики сделали прогноз на Олимпиаду-2024
13 семей возвращены из Сирии в Таджикистан
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста