Раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария рӯзи 5-уми ноябр бо президенти ин кишвар Ули Маурер ва президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг дидору гуфтугӯ кард.

Сарони кишварҳо кадом масъалаҳоро баррасӣ карданд?

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, сарони кишварҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва дарёфти роҳҳои нави рушду густариши муносибатҳои ду кишварро баррасӣ карданд.

“Мо бо Тоҷикистон пайвандӣ дорем, зеро мо кишварҳои кӯҳистонӣ ҳастем ва Швейтсарияю Тоҷикистон дар болооби дарёҳои фаромарзӣ воқеъанд. Омода ҳастем, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба ба манфиати мардумон лоиҳа ва ташаббусҳои дигарро низ якҷоя анҷом диҳем”, - изҳор доштааст зимни мулоқот Ули Маурер.
Сурат аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Сарони кишварҳо таъкид доштанд, ки Тоҷикистону Швейтсария аллакай таҷрибаи хуби ба роҳ мондани ҳамкории барои ҷонибҳо судманди тиҷоратиро доранд ва ҳамин аст, ки ҳаҷми гардиши мол дар 9 моҳи  соли равон 132 миллион долларро ташкил дода, аз болоравии он нисбат ба солҳои пештара гувоҳӣ медиҳад.

Дар густариши муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши молиявӣ дар чаҳорчӯбаи ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс, Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ дар бахши истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (СЕКО) ва иштироки ҷониби Швейтсария дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон омили муҳим номида шуд.

1/9

Чӣ натиҷа ҳосил шуд?

Баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расиданд:

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва банақшагирии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг дидору гуфтушунид анҷом дод.

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо президенти ширкати байналмилалии Glencore International AG Айван Глазенберг
Акс аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки аз муҳимтарин соҳаҳои равобити дуҷониба маҳсуб мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, шарикии самараноки ширкати “Гленкор”-и Швейтсария бо “ТАЛКО”-и Тоҷикистонро дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкорӣ номид.

Зикр мешавад, ки тайи 12 соли охир ТАЛКО ва Гленкор дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 4,7 миллиард доллари амрикоӣ амалиёти тиҷоратиро ба анҷом расонидаанд.

Гуфта мешавад, дар давоми 5 соли оянда ин ду ширкат тибқи қарордодҳои баимзорасида ба маблағи 1,5 миллиард доллари амрикоии дигар ҳамкории тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ хоҳанд кард.

Акс аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Таъкид гардид, ки бо назардошти имконоти мавҷудаи Тоҷикистон ва иқтидори “Гленкор” ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба дарёфти роҳҳои нави тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо ҷониби Швейтсария, аз ҷумла, бо ширкати “Гленкор” дар соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама дар татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурма ва синк табодули андеша карданд.

Акс аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Ҳамчунин истифодаи имконоти ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар соҳаҳои истеҳсолии иқтисоди миллӣ, татбиқи Барномаи таҷдиди иқтидорҳои ширкати “Талко” ва саҳмгузории ширкати мазкур дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии иқтисоди кишвар зарур шуморида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.