Дар ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО оид ба масоили тағйири иқлим, ки 12-уми ноябр дар шаҳри Порис доир шуд, раисҷумҳури Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.  

Ба гуфтаи ӯ, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он имрӯзҳо яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад. Таъсири манфии ин мушкилоти глобалӣ ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза низ торафт аён мешавад.

“Дар Тоҷикистон, ки дорои 13 ҳазор пирях мебошад, аз таъсири тағйирёбии иқлим ҳазор пирях нобуд шудааст. Ин дар ҳолест, ки то 60%-и захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад. Тамоми кишварҳои минтақаи мо аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба вазъи обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, зимнан пешниҳод гардид, ки ЮНЕСКО дар баробари андешидани тадбирҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои байнулмилаливу минтақавӣ ба экспедитсияи пажӯҳишии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори имтинон кард, ки ЮНЕСКО дар пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла, тавассути мусоидат ба арзёбии фарогири миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байнулмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, кӯшишҳои худро идома хоҳад дод.

Ҷониби Тоҷикистон дар доираи татбиқи ин Даҳсола тасмим гирифтааст, ки 18-20 июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуввуми Даҳсолаи байнулмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро баргузор кунад.

Тоҷикистон аз рӯйи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон (СО2) дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд.

Сарвари давлат гуфт, ки дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба атмосфера дар бисёр маврид ба мо истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи “сабз” ба ҳисоб меравад, мусоидати ҷиддӣ мекунад.

“Дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ки асоси бахши энергетикии кишварро ташкил медиҳанд, 98% қувваи барқи мо истеҳсол мешавад. Аз рӯйи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад”, - афзуд ӯ.

1/6

Бо назардошти масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда, Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим якчанд пешниҳод кард:

1). Истифодаи васеи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, ки заминаи мусоидро барои рушди иқтисоди “сабз” мегузорад, дастгирии ҳамаҷониба ёбад;

2). Кишварҳои мададрасон ва сохторҳои байнулмилалию минтақавии молиявӣ ба татбиқи амалии стратегияву барномаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидати ҳамаҷониба намоянд;

3). Мониторинги мунтазами манбаъҳои пайдошавии захираҳои об, бахусус пиряхҳо, пурзӯр карда шавад;

4). Ба ҳамкории байнулмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи манбаъҳои обӣ таҳким бахшида шавад. Бо ин мақсад пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Бунёди байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди амал қарор гирад;

5). Мушкилоти таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати захираҳои обӣ ва роҳҳои пешгирии натиҷаҳои манфии он ба рӯзномаи чорабиниҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчун масъалаи муҳими рӯз шомил карда шавад;

6). Кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ барои мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои захираҳои обӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ кумакҳои молиявӣ ва техникии ҳамаҷониба расонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.