Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон барои манъи транзити бору маҳсулот тариқи қаламрави Туркманистон ҳеҷ сабаберо намебинад.
“Ин мушкилро Тоҷикистон рӯйи кор наовардааст, ки мо онро омӯхта, сабабашро маълум кунем. Мушкили транзити бори моро Туркманистон ба вуҷуд овард ва онҳо инро ба масъалаҳои амният рабт медиҳанд. Ба фикри ман, пас аз гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати ду кишвар ин масъала ҳал хоҳад шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” директори МТС Тоҷикистон Зиёи Хуршед.
Қаблан вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки мушкилоти мазкур ҳалношуда боқӣ монда, сабабаш номаълум аст.
“Сарфи назар аз муроҷиатҳои чандинкаратаи Тоҷикистон, ин мушкилот то ҳол роҳи ҳалли худро намеёбад. Вақте бо ҳамтоёни туркмани худ ин масъаларо баррасӣ мекунанд, онҳо мегӯянд, ки сабабашро намедонанд”, - гуфта буд ӯ.
Вазир қайд кард, ки роҳҳои Туркманистон натанҳо барои мошинҳои боркаши тоҷик, балки ба нақлиёти кишварҳои дигар, ки ба Тоҷикистон бору маҳсулот меоранд, низ баста боқӣ мемонанд.
“Барои баромадан ба Ховари Миёна бидуни убури қаламрави Туркманистон мо роҳҳои алтернативӣ пайдо кардем: тариқи Ӯзбекистон, Қазоқистон, баҳри Каспий, Озарбойҷон ва минбаъд то Эрону Туркия. Дар муқоиса бо хатсайр тариқи Туркманистон ин хатсайр то Эрон 1 ҳазор километр дарозтар ва то Туркия баръакс, 434 километр камтар аст”, - гуфт вазир.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврали соли гузашта Туркманистон равуои нақлиётро бо бору маҳсулоти Тоҷикистон тариқи қаламраваш манъ кард. То ин дам ҳукумати Туркманистон транзити бору маҳсулоти Тоҷикистонро моҳи сентябри соли 2018 манъ карда буд, лекин он вақт ин мушкил дар муддати як моҳ ҳал шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Байден превентивно помиловал пятерых членов своей семьи
Трамп: "Золотой век Америки начинается прямо сейчас"
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 21 января 2025 года
Почему Душанбе назвали будущей столицей всей Азии?
Как частная школа "Империя знаний" сочетает бизнес и высококачественное образование
КЧС предупредил об угрозе лавин и камнепадов в горах Таджикистана
Дорогостоящая инаугурация Дональда Трампа: где ее смотреть
Кубок ФФТ-2025: Названа сумма призового фонда турнира
Саудовская Аравия вводит для паломников обязательную вакцинацию от менингита
Кто может стать балериной и куда поступить на дирижера в Таджикистане?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста