Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров субҳи имрӯз дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ овоз дод.
“Ҳизби мо ин сафар парлумонӣ мешавад. Дуюм масъала – то кадом дараҷа ин интихобот дар ҳақиқат шаффоф, озод ва демократӣ баргузор мегардад. Ман чандин бор таъкид кардам, ки ба демократӣ ва шаффоф будани интихобот боварӣ надорам. Акнун дар ҳақиқат то кадом дараҷа демократӣ, озод ва шаффоф хоҳад шуд, дар охири рӯз – вақте натиҷагирӣ мешавад, инро мебинем”, - изҳор дошт ба хабарнигорон Раҳматилло Зойиров.
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон афзуд: “Одамон ба ман аз соати 6:05-и субҳ занг зада, гуфтанд, ки ба тарафдории шумо дар қитъаи интихоботӣ овоз додем”.
Дар баробари ин, Раҳматилло Зойиров бовар надорад, ки дар Тоҷикистон 4,9 миллион нафар интихобкунандагон ҳастанд. Ба ақидаи ӯ, шумораи воқеӣ камтар аст. “Боз як масъалаи дигар – ман фикр мекунам, ки ба интихобот шумораи ками одамон мераванд. Ҳатто агар каме бештар аз 50% овоз диҳанд, ин натиҷаи назаррас мешавад”, - гуфт раиси ҲСДТ.
Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ, то соати 12:00-и имрӯз аз шумори умумии интихобкунандагон 2 миллиону 323,6 ҳазор нафар ё 47,1% раъй доданд.
Дар ин бора КМИР ҳар 3 соат иттилооти нав пешниҳод хоҳад кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.