Даври навбатии ройзаниҳо (машваратҳо)-и сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзи 23 сентябр дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Чин Лэ Юйчен роҳбарӣ карданд.
Гуфта мешавад, дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдии Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.
Бо қаноатмандӣ густариши пайваста ва ҳадафманди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар тамоми арсаҳо таъкид шуд. Аҳаммияти амалисозии тавофуқҳое, ки байни Сарони ду давлат ҳосил шуда буданд, барои таҳким ва таъмиқи бештари ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвари ҳамҷавор таъкид гардид.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19-ро баррасӣ карданд. Бо дарназардошти шуюи вируси нави корона ва таъсири манфии он ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳон бар зарурати афзоиши шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвар дар ҳамаи сатҳҳо таъкид шуд.
Инчунин тарафҳо ба ҳамкории самарбахш дар чаҳорчӯби ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” ва созукори навтаъсиси “Осиёи Марказӣ - Чин” изҳори умедворӣ карданд. Тарафҳо ин ду ҳамоишро шакли муҳимми тавсеа ва таҳкими робитаҳо байни Тоҷикистон ва Чин медонанд.
Зикр мегардад, ки тарафҳо масъалаҳои амалисозии пружаҳои муштарак дар Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои роҳбурдии кишвар – таъмини амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ, бурунрафти кишвар аз инзивои нақлиётӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро баррасӣ карданд.
Тарафҳо аз ҳамкории босамари ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ тарафҳо изҳор намуданд, ки омодаанд бобати пешбурди пайдарпайи муносибатҳои шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвари дӯст муштаракан кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сотворил неожиданное. Кулябский «Равшан» одержал первую победу в азиатском турнире
Для энергокольца Центральной Азии создали дорожную карту
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 декабря 2024 года
Как Цецилия Бану-Лахути потратила 25 лет жизни на перевод «Шахнаме»
Международные переводы с Visa Direct Account: быстро, надёжно и удобно с Международным банком Таджикистана
В России предложили проверять школьников на «склонность к экстремизму и терроризму»
Таджикистан увеличил экспорт шиповника
Свершилось. Таджикистан и Кыргызстан завершили делимитацию общей госграницы
Как падение курса рубля повлияло на жизнь таджикистанцев?
Традиционная китайская одежда: философия и эстетика, передаваемые из поколения в поколение
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста