Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ намуд.
“Аз ҷонибҳо бо исрор даъват мекунем, ки барои қатъи амалиёти ҳарбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Бар онем, ки ҳалли низоъ дар Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ имконпазир аст”, - қайд мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар изҳорот зикр мегардад, ки Тоҷикистон аҳаммияти истисноии ҳалли мусолиматомези ихтилофоти мавҷударо дар чаҳорчӯби меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ таъкид менамояд.
Субҳи 27 сентябр дар минтақаи баҳсии вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон задухӯрди шадид ба вуқӯъ пайваст. Ҷонибҳо дар сар задани муноқиша ҳамдигарро гунаҳкор карданд.
Никол Пашиниян, сарвазири Арманистон гуфтааст, ки Озарбойҷон ба Қарабоғи Кӯҳӣ, ба маҳалҳои аксаран арманнишин ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст.
Мақомоти Озарбойҷон гуфтаанд, ки дар посух ба тирандозии нерӯҳои арманӣ дар "Хати тамос" амалиётро оғоз кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таджикистан нарастил импорт и сократил экспорт в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 декабря 2024 года
Семь самых громких преступлений в Таджикистане в 2024 году
Где заказать салаты на Новый Год в Душанбе?
Афиша от «Азия-Плюс»: балет «Щелкунчик», Beauty Secrets Festival и Новогодний шоу-концерт
Тренер сборной России по борьбе из Таджикистана получил 9 лет за «финансирование терроризма»
УМВД предупреждает: «аренда» банковских карт – новый вид мошенничества в Таджикистане
В Душанбе мать и трое детей отравились угарным газом
Готов ли Душанбе к зиме?
Таджикский тренер в Узбекистане расстался со своими соотечественниками
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста