Субҳи имрӯз Наҷмуддин Арабзода Аминӣ, ки бо номи Баҳманёр осори гаронсанге меофарид, яке аз бузургтарин нависандаҳои муосири тоҷик дар синни 66-солагӣ даргузаштанд. Даргузашти Баҳманёр дар воқеъ барои ҷомеаи огоҳ, рӯшанфикрӣ ва адабиёти тоҷик мусибати азимест.
Насри тоҷик нависандаеро бо ин бузургӣ ва шаҳомат надошт. Осори гаронбаҳои Баҳманёр – худованди Сармаддеҳ алоқамандони зиёде дар қаламрави забони форсӣ дошт ва яқин аст, ки хоҳад дошт. Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шахсиятҳои зиёде аз марги ин нависандаи тавоно афсусу надомат хӯрдаанд ва марги ӯро зоъеаи бузурге барои ҷомеаи Тоҷикистон донистаанд.
Аммо марги Баҳманёр баҳси гарми дигареро, низ дар Тоҷикистон доғ кард. Бисёриҳо ба поси хотири осори гаронсангаш дархост карданд, ки Баҳманёр дар қабристони бузургони илму адаби Тоҷикистон - Лучоб, дар теппаҳои канории Душанбе дафн карда шавад.
Ҳарчанд худи нависанда ба фарзандонаш васият кардааст, ки ҷанозаашро дар зодгоҳ, дар канори қабри падараш дафн кунанд, аммо дархости фарҳангиёни ҳам ба эътибор гирифта нашуд. Баҳманёрро ба далели надоштани унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи Рӯдакӣ дар қабристони Лучоб гӯр накарданд.
Ин тасмим эътирози бархе аз фарҳангиёнро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард:
Низом Қосим, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон
Бо тақозо ва мувофиқати пайвандони Баҳманёр қарор шудааст, ки ҷанозаи ӯро ба зодгоҳаш баранд. Он кас қабл аз марг васият карда будаанд, ки ҷанозаашро дар канори қабри падараш ба хок биспоранд. Мо ҳам чизе нагуфтем. Мардуми мо ба васияти пайвандон эҳтироми хос доранд. Аз сӯи дигар, қабристони Лучоб, ки бузургони адабиёти мо дафн шудаанд, қонуну қавоиди худро доштааст.
Абдуқодири Рустам, нависанда ва пажуҳишгар
Муллоҳо наъши Фирдавсиро иҷозаи дафн кардан дар гӯристон надода буданд, "Низомнома"-и ҳукумати шаҳри Душанбе, иҷоза надод, ки ҷанозаи устод Баҳманёрро дар Лучоб гӯр кунем..... Дар ин гӯристон фақат "халқӣ"-ҳоро дафн мекардаанд...
Аммо, агар Баҳманёр - бузургтарин нависандаи тоҷик пас аз сари устодон Айнӣ ва Улуғзода бо вуҷуди маҳбубият ва шуҳрат дар миёни хонандагон на нависандаи халқӣ шуд ва на барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ, гуноҳи кист?
Баҳманёр ба гӯристони Лучоб ниёз надорад, аммо халқи тоҷик ниёз дошт беҳтарин нависандаи муосираш дар қатори устодон дафн бишавад......
Агар ин маъниро намефаҳмед, дареғи шумо ва афсуси мо!
Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон
Ба Низом Қосим телефон кардам, ки дӯсти дерини ман аст ва раиси Иттиҳодияи Нависандагон аст. Ман ин хабари сангинро ба ӯ расондам ва хоҳиш кардам, ки муҷавиз бигирад, то дар Лучоб ба хок биспоранд. Ӯ гуфт, ман ҳоло меравам ва кӯшиш мекунам... Фикр кардам дар ин маҳалла, ки чандин шоирону нависандагони мо ба хок супорида шуданд ва бархе касони дигар,ки ба ҳеч ваҷҳ ба мартабаи Баҳманёр нестанд, барои Баҳманёр низ ҷой хоҳанд дод. Дар зиндагиаш, ки ба қадраш нарасидем, шояд пас аз маргаш коре бикунем... Мо ки дар бисёр маворид “зиндахори мурдаазиз” будаем...
Боз ба бастагони Баҳманёр телефон кардам ва гуфтам, ки аҷала накунед.... Мунтазирем...
Мунтазирӣ дер накашид. Барои дар гӯристони Лучоб гӯр кардан "Низомнома"-ашон иҷоза намедодааст!!! Пурсида мешавад, касоне ки ба гарди домани Баҳманёр намерасиданд ва соҳибназарон ҳамаи осорашонро ба як ҷумлаи Баҳманёр иваз нахоҳанд кард,чӣ гуна ба он ҷо роҳ ёфтанд?! Ҳарчанд чандон муҳим нест ...
Баҳманёр Аминӣ, аз хушномтарин адибони муосири Тоҷикистон буд, ки 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Хатмкардаи риштаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Баъди хатми Донишгоҳ хабарнигори рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” буд. Солҳои 1983 -1985 дар Либия мутарҷимӣ кардааст. Баъди бозгашт дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба кор пардохт. Сипас то соли 1992 мудири шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба зодгоҳаш - Панҷакент рафт. Соли 2002 ба Душанбе даъват шуд ва муовини сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” - таъин гардид.
"Ишқи сайёд", "Аспи обӣ", "Зарринаи Зарнигор" маҷмӯи ҳикояҳо ва қиссаҳои нависанда буда, "Сармаддеҳ" ва "Шоҳаншоҳ" романҳои Баҳманёр мебошанд. Вале романи севумаш "Ғӯтях" ё "Айсберг" бо дасти худи нависанда нобуд шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Новый постпред АБР подтвердил готовность поддержать энергетические проекты в Таджикистане
Гражданина Узбекистана задержали по подозрению в убийстве российского генерала
Мигрант 2024-го года: коллективное наказание от «большого брата»?
Таджикские школьники завоевали 18 медалей на Евразийской олимпиаде по информатике
В Узбекистане 22-летний студент получил пять лет за участие в военных действиях в Украине
Moody's присвоил «Коммерцбанку Таджикистана» рейтинг «B3» с прогнозом «стабильный»
Фальшивые лекарства в Таджикистане: как уберечь себя от подделки?
Глава Согда обсудил с активистами Канибадама серию жестоких убийств в городе
Спецпосланник Трампа по Украине и России планирует приехать в Киев в начале января
Трамп получил необходимое количество голосов выборщиков для победы на выборах
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста